Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Клуни қимматарин ҳунарманди синамо эълон шуд


Ҷорҷ Клуни
Ҷорҷ Клуни

Маҷаллаи Forbes ҳунарманди синамо Ҷорҷ Клуниро қимматтарин ҳунарманди соли 2018 эълон кард. Рӯйхати ҳунармандони гаронпардохтро Forbes рӯзи чоршанбе дар сомонааш нашр кард.

Ба гуфтаи хабаргузории ТАСС, Клунии 57-сола дар 12 моҳ 339 миллион доллар фоида ба даст овард. Дар баробари нақшофарӣ дар синамо, фоидаи умда- ҳудуди 1 миллиард долларро ин соҳиби ду ҷоизаи Оскар, аз фурӯши ширкати истеҳсоли текила - Casamigos Tequila дарёфт кард.

Ҷойи дуюм бо 124 миллион доллар насиби Дуэн Ҷонсон шуд, ки ҳунарманди нисбатан нав аст. Ҷонсон ин мавқеи бисёр баландро барои нақшофарӣ дар филми "Ҷуманҷӣ - овои ҷангал" гирифт.

Дар ҷойи сеюм бо 81 миллион доллар Роберт Даунии хурдӣ қарор дорад. Бахши умдаи ин маблағ аз иштироки Дауни дар силсилафилми мазҳакавии "Қасосгирҳо" ҳосил шуд.

Дар ҳамин муддат як иддар ҳунармандони дигар, Крис Ҳемсворт беш аз 64,5 миллион, Чеки Чан 45,5 миллион, Уилл Смит 42 миллион, ситораи синамои Ҳинд Акшай Кумар 40,5 миллион ва Салмон Хан 38,5 миллион доллар фоида гирифтаанд.

Forbes пеш аз ин феҳрасти қимматарин ҳунарманди занро нашр кард. Ҷойи аввалро дар ин феҳраст Скарлет Йоҳансон бо 40,5 миллион доллар ба даст овард.

XS
SM
MD
LG