Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латвия ва Эстония ҷуброни ишғолгарии шӯравиро аз Маскав талаб мекунанд


Осорхонаи "Ишғолгарии Шӯравӣ" дар Латвия
Осорхонаи "Ишғолгарии Шӯравӣ" дар Латвия

Латвия ва Эстония мехоҳанд, барои ишғоли зарзаминҳои худ аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Русия ҷуброн талаб кунанд. Дар ин бора вазирони адлияи ду кишвар - Дзинтарс Разначс ва Урмас Рейнсалу 21 август бо нашри як изҳороти муштарак дар сомонаи Вазорати адлияи Эстония хабар доданд.

Дар изҳорот омадааст, ки хотираи қурбониён ва оқибати амалкарди режими шӯравӣ бояд ҳифз шавад. Муаллифони изҳорот ҳамчунин барномаи худро дар сатҳи СММ баррасӣ карданд. Латвия ва Эстония вуруди кишварҳои Балтик ба ҳайати СССР дар солҳои 1940 то 1990-ро ғасб арзёбӣ мекунанд

Вазирони адлияи Латвия, Литва ва Эстония моҳи декабри соли 2015 бо имзои як эъломия ваъда доданд, ки талошҳоро барои талаби ҷуброн муттаҳид хоҳанд кард. Вале Вазорати умури хориҷии Эстония он замон гуфт, ки Таллин аз Москва ҷуброн талаб карданӣ нест. Латвия низ дар навбати худ, ҳаҷми хисоротро 185 миллион евро муайян кард.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, Русия бо истифодаи истилоҳи "ишғол" барои солҳои ҳузури кишварҳои Балтик дар ҳайати СССР розӣ нест. Ӯ ҳамчунин хост, саҳми СССР дар иқтисоду низоми зербиноии кишварҳои мазкур фаромӯш нашавад.

XS
SM
MD
LG