Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи оташбаси нави бемуҳлат дар Донбасс


Гуруҳи сеҷонибаи тамос барои ҳалли низои Донбасс ба созиш расиданд, ки аз 29 августи соли равон оташбаси бе муҳлат эълом кунанд. Дар ин бора сухангӯи намояндаи Украина дар гуруҳи тамос Дарка Олифер иттилоъ дод.

"Гуруҳи тамос бо иштироки намояндагони алоҳидаи навоҳии вилоятҳои Донетск ва Луҳанск ҷонибдории комили худро аз эъломи оташбаси бе муҳлат дар робита ба оғози соли хониш баён карданд. Барои таҳлили вазъ ҷонибҳо вазифадоранд, дастрасии бехатари намояндагони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро ба тамоми минтақаҳои Украина таъмин кунанд", - навишт ӯ дар Фейсбук.

Олифер ҳамзамон гуфт, гуруҳҳои ҷудоихоҳ дар давоми оташбасе, ки аз 1 июл эълом шуда буд, ҳудуди 1,5 ҳазор бор оташ кушоданд. Аз ҷумла, онҳо аз мушакандози "Гард", тонку тӯп ва миномет оташ кушоданд, ки созишномаи Минск истифодаи онҳоро манъ мекунад.

Ҷониби Украина мегӯяд, то интиқоли силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва сӯзишворӣ аз Русия, ки феълан идома дорад, қатъ нагардад, дар Донбасс сулҳ нахоҳад шуд. Кремл дар навбати худ ин иддаои Украинаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG