Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон: Буҳрони Туркия баробари озод шудани роҳиб хотима меёбад


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

"Туркия метавонад, ба буҳрони пули миллиаш бо озод кардани роҳиби амрикоӣ хотима гузорад", - гуфт Ҷон Болтон - ёвари президент Доналд Трамп ба хабаргузории Reuters.

Вашингтон дар вокуниш ба боздошт ва айбномаи сангини зидди роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансон, кишвари шарикаш дар паймони НАТО-ро бо таҳрим ва боло бурдани таруфаҳои содиротӣ муҷозот кард.

Туркия Брансонро, ки 21 сол боз дар ин кишвар зиндагӣ кардааст, ба даст доштан дар табаддулоти соли 2016 ва ҷиноятҳои марбут ба терроризм муттаҳам мекунад. Брансон худро гунаҳкор намешуморад. Ӯ чанде пеш аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт, вале Анкара талаби Вашингтонро, ки мехоҳад роҳиб ба ватанаш баргардад, қабул надорад.

Таниши Анкара бо Вашингтон, таҳрими зидди вазирони Туркия ва боло рафтани таруфаҳои содиротии ин кишвар ба уфти шадиди пули миллии Туркия - лира сабаб шуд.

Мақомоти Туркия беш аз 10 шаҳрванди Амрико, бо шумули мутахасиси оҷонсии кайҳонии ИМА - NASA, донишманди соҳаи кимиё аз Пенсилвания ва се корманди маҳаллии консулгарии ИМА-ро нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG