22 август мавҷи нави таҳримҳо зидди Маскав, ки дар заминаи лаҳролудкунии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия ҷорӣ шудаанд, ба иҷро медарояд. Дар Вашингтон мегӯянд, ки Русия бо истифодаи гази "Новичок" дар ҳамла ба Скрипал, қонуни байналмилалиро нақз кард.
Бар поияи ин санад, ки Департаменти давлатии ИМА рӯзи 8 август пахш кард, маҳсулоти истифодаи дугонаи Русия, маҳсулоту таҷҳизоти текноложии марбут ба соҳаи амнияти миллии ИМА, ҳамчунин содироти электроника таҳти таҳрим қарор мегиранд.
Агар Русия аз ҳамкорӣ бо коршиносони байналмилалии назорат бар силоҳи кимиёвӣ сарпечӣ кунад, баъди се моҳ ба мавҷи дуюми таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки аз ҷумла, манъи парвози ҳавопаймоҳои "Аэрофлот" ба Амрико ва коҳиши тиҷорат то ҳадди ақалро пешбинӣ мекунад.
Феълан Конгресс дар посух ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016 дар ИМА, тарҳеро омода кардааст, ки амалиёти бонкҳои Русия бо доллари ИМА, манъи сармоягузорӣ ба қарзи давлатии Русия ва маҳдуд кардани воридоти текноложии соҳаи нафт ба ин кишварро дар назар дорад.