Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи ришвасионии Гулнора Каримова дар додгоҳ


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Додгоҳи Стокҳолм рӯзи 4 сентябр баррасии парвандаи мудирони пешини ширкати Telia (TeliaSonera)-ро оғоз мекунад, ки дар додани 350 миллион доллар ришва ба духтари президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримова айбдор мешаванд.

Худи Каримова, ки додситонҳои Узбекистон, ИМА ва як қатор кишварҳои аврупоӣ ӯро дар гирифтани пораҳои чандинмиллионӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ айбдор мекунанд ва ёварони миёнараваш дар мурофиаҳо иштирок намекунанд.

Дар курсии айбдорӣ мудири моллӣ ва ноиби президенти Telia дар солҳои 2003-2007 Теро Кивисаарӣ, мудири иҷроияи пешини Telia Ларс Нюберг ва мушовири калони ширкат Ули Туима хоҳанд нишаст.

Сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Додситонии кулли Шветсия Гуннар Стетлер ин се нафарро ба он айбдор мекунад, ки ба хотири ворид кардани ширкати Telia бо бренди маҳаллии Ucell ба бозори Узбекистон ва "ҳимоят" шудан аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ба Гулнора Каримова 350 миллион доллар пора додаанд.

XS
SM
MD
LG