Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Коэн гуноҳи сохтакориҳои молӣ ва кӯмак ба Трамро эътироф кард


Майкл Коэен
Майкл Коэен

Майкл Коэн, ки чанде пеш вакили хусусии президенти ИМА Доналд Трамп буд, дар заминаи як созиш ҷиноятҳои молиеро эътироф кард, ки ба гуфтаи ӯ ба хотири манфиатҳои Трамп ва пирӯзии ӯ дар интихоботи соли 2016 содир шуданд.

Тафтиши қазияро Роберт Мюллер - додситони вежаи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи ИМА пеш мебарад. Намояндаи Мюллер то ҳол таҳаввулотро шарҳ надодааст.

Ҷузъиёти созиши вакили пешини Трамп бо тими Роберт Мюллер, дар заминаи эътирофи гуноҳ, пура дастрас нест. Аммо Коэн эътироф кардааст, ки бо Трамп забон як карда буд ва аз манфиатҳои ӯ ҳимоят мекард.

Лэнни Дэвис, мушовири президенти пешин Бил Клинтон дар твиттер навишт:

"Имрӯз Коэн таҳти савганд шаҳидӣ дод, ки Трамп ӯро ба содир кардани ҷиноят, аз роҳи пул додан ба ду зан ва таъсиргузорӣ ба натиҷаи интихобот водор кард. Агар додани чунин маблағ барои Коэн ҷиноят бошад, пас чаро барои худи президент Трамп ҷиноят ҳисоб нашавад?"

Моҳи апрел, бо тавсияи прокурори вежа Роберт Мюллер, ки эҳтимоли созиши Маскав бо тими Трампро дар ҷараёни нтихоботи соли 2016 таҳқиқ мекунад, кормандони FBI манзили Майкл Коэн ва ҳуҷраи ӯро дар меҳмонхона кофтукоб карданд.

Трамп борҳо вуҷуди созиш бо Русияро рад ва худи бозҷӯиро "шикори аҷузаҳо" унвон кардааст. Русия низ ин дахолатро рад мекунад, Аммо ҷомеаи истихбороти ИМА ба натиҷае расид, ки Русия ба хотири таъсиргузорӣ ба натиҷаи овоздиҳӣ, ба интихобот дахолат кардааст.

XS
SM
MD
LG