Додситонии кулли Узбекистон дар бораи садамае бо иштироки нахуствазири ин кишвар хабар дод. Ба гуфтаи додситонӣ, Абдулло Орипов дар садама "ҷароҳати сабук бардошт".
Рӯзи 20-уми август дар километри 92-юми роҳи мошингарди "Қарасӯ-Бука-Бекобод" мошини навъи Damas бо мошини Mercedes-Benz-и нахуствазир бархӯрд. Дар натиҷа сарвазир захмҳои сабук бардошт, вале муовини ӯ Алишер Султонов шадидан маҷрӯҳ шуд.
Дар баробари муовини нахуствазир, як масъули дастгоҳи иҷроияи президент ва ронандаи мошин низ маҷруҳ шудаанд.
"Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш низ бо захмҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд", - мегӯяд додситонӣ.