Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо Ҷумҳурии Африқои Марказӣ паймони низомӣ баст


Баталони нерӯҳои даввлатии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ
Баталони нерӯҳои даввлатии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ

Қаблан матбуот дар бораи "аскарони кироя" аз ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (ҶАМ) гузориш дода буд. Хабарнигорони рус, ки дар ин бора матлаби таҳқиқотӣ омода мекарданд, дар ҶАМ кушта шуданд.

Рӯзи 21-уми август РИА Новости хабар дод, ки Русия бо Ҷумҳурии Африқои Марказӣ қарордоди байнидавлатии ҳамкориҳои низомӣ имзо кард.

Санадро аз ҷониби Русия вазири дифоъ Сергей Шойгу ва аз тарафи Ҷумҳурии Африқои Марказӣ (ҶАМ) Мари Ноэл Койяра имзо карданд. Ба қавли Койяра, нерӯҳои кишвараш комилан хароб шудаанд ва зарур аст, ки тавони ҷангиашон барқарор шавад. Шойгу гуфт, ки Русия ҶАМ-ро шарики ояндадор мешуморад.

Рӯзи 30-юми июл се хабарнигори рус - журналист Орхан Ҷамол, коргардон Александр Расторгуев ва наворбардор Кирилл Радченко дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ кушта шуданд. Онҳо дар бораи фаъолияяти "ЧВК Вагнер" филм омода мекарданд.

XS
SM
MD
LG