Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиён дар рӯзи ид ба сӯи қасри президент мушак партофтанд


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Рӯзи 21-уми август якчанд таркиш дар минтақаи дипломатии Кобул ба гӯш расид, аммо ба гуфтаи пулис аз хисороти ҷонӣ гузориш нашудааст.

Як мақоми амниятӣ ба шарти ошкор нашудани номаш ба хабаргузории Reuters гуфт, таркишро мушакҳое ба амал оварданд, ки аз канораҳои шаҳр партоб мешуданд. "Баъзеи онҳо дар назди қасри раиси ҷумҳур, сафоратхонаҳо ва биноҳои давлатӣ афтиданд",- гуфт ин манбаъ.

Ба сурати умум 12 мушак дар ин минтақаи муҳим партоб шуд.

Мушкаҳо дар ҳоле партоб шуданд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дӯ рӯз баъди эълони "оташбаси шартӣ" бо Толибон дар як маросими бахшида ба Иди Қурбон суханронӣ мекард. Оташбас, дар сурати қабул шуданаш аз тарафи Толибон, бояд 20-уми август оғоз мешуд ва се моҳ идома мекард.

Аммо ба гуфтаи ду фармондеҳи воломақом, Толибон оташбаси семоҳаро рад карда, қавл доданд, ки муборизаро бар зидди ҳукумат ва шарикони хориҷиаш идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG