Ин аввалин мулоқот дар се соли ахир аст.
Ҳудуди 90 хонавода аз Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ рӯзи душанбе дар кӯҳи Кумганг, воқеъ дар Кореяи Шимолӣ, мулоқот карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.
Наздик ба 330 нафар аз Кореяи Ҷанубӣ, ки бисёри онҳо дар аробаҳои маъюбӣ буданд, 185 хеши худро аз Кореяи Шимолӣ мулоқот карданд. Онҳо ҳудуди 60 сол, баъди тақсимшавии Корея ба думболи ҷанги Корея, якдигарро надида буданд.
Дидорбинии ин хонаводаҳо 3 рӯз давом мекунад ва баъдан рӯзи панҷшанбе боз 88 оилаи дигар - 469 нафар аз Ҷануб ва 128 нафар аз Шимол дар минтақаи Кимгансан якдигарро мебинанд.
Дар тӯли 18 соли ахир дастикам 20 чунин мулоқот анҷом шудааст. Дар ин муддат 130 ҳазор сокини Ҷануб барои мулоқот бо наздиконашон дар Кореяи шимолӣ дахост фиристоданд, аммо бисёри онҳо ба дидори яклигар нарасида даргузаштанд.