Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои Total дар Эрон бинобар таҳдиди таҳримҳои ИМА қатъ шуд


Логои ширкати Total -Фаронса
Логои ширкати Total -Фаронса

Ширкати нафту гази Фаронса -Total, бинобар берун шудани ИМА аз "созиши ҳастаӣ" бо Эрон ва азсаргирии таҳримҳо алайҳи Теҳрон, тарҳҳояшоро дар ин кишвар қатъ кард. Дар ин бора рӯзи душанбе Вазорати нафти Эрон хабар дод.

Ба гуфти вазорат, Эрон ба ҷойи Total, махсусан барои коркарди захирагоҳи "Порси Ҷанубӣ", шарик меҷӯяд. Интизор меравад, ки ширкати Фаронсаро дар ин тарҳ ширкати давлатии Чин иваз кунад.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико қаблан ҳушдор дод, ки ширкатҳои кишварҳои сеюм, ки бо Эрон бизнес пеш мебаранд, таҳти таҳримҳои ИМА қарор мегиранд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, бо шумули Фаронса, бо қарори ИМА розӣ нестанд ва мехоҳан "созиши ҳастаӣ" бо Эронро ҳифз кунанд. Иттиҳоди Аврупо чораҳоеро барои пуштибонӣ аз ширкатҳое, ки ҳамкори бо Эронро идома медиҳанд, пиёда мекунад. Ҳамзамон раҳбарони Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунанд, ки бисёр ширкатҳои аврпуоӣ аз тарси вокуниши Вашингтон дер ё зуд аз Эрон мераванд.

Субҳи рӯзи душанбе намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ гуфт, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврпуо, Русия ва Чин барои ҳимоят аз "созиши ҳастаӣ" талош мекунанд.

XS
SM
MD
LG