Додситонии кулли Қазоқистон бо нашри як иттилоия мухолифи қазоқ Мухтор Аблязовро дар куштори мудири "Бонки ТуранАлем" (БТА)-и ин кишвар Ержан Татишев дар соли 2004 айбдор кард.
Бар пояи иттилоияи додситонӣ, ки рӯзи 17 август нашр шуд, Аблязов дар созмон додани қатли барқасдонаи мудири БТА гумонбар аст. Ин ҷиноят ба гуфтаи додситонӣ аз сӯи як гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст.
Додситонӣ мегӯяд, Аблязовро барои бозпурсӣ даъват карда, ӯро огаҳ карда буданд, ки иштирокаш дар тафтишот ҳатмӣ аст. "Вале дар вақти муайяншуда ҳозир нашуд ва сабаби наомадани худро низ шарҳ надод", - омадааст дар иттилоия.
Ержан Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуф ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги мудири БТА айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расондааст. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.
Мухолифи қазоқ Аблязов, ки дар хориҷ паноҳ бурдааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки дар ин куштор даст надорад. Ҳамчунин гуфт, соҳибкор ва молики корхонаи "Казстройстекло" Муродхон Тоқмадиро, ки барои даст доштан дар куштори "фармоишӣ"-и Татишев 10,5 сол зиндонӣ шуд, шахсан намешиносад.