Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон як ноҳияро дар шимоли Афғонистон тасарруф кардаанд


Мақомот дар Форёб, шимоли Афғонистон, гуфтанд, ки Толибон шаби 18-уми август ноҳияи Балчароғи ин вилоятро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Нақибуллоҳ Фоиқ, волии Форёб, нирӯҳои афғонро муттаҳам кард, ки саривақт ба кумак нарасиданд ва ноҳия аз тарафи ҷангҷӯёни Толибон тасарруф шуд. Ӯ гуфт, “дар пайи чанд рӯзи даргирии шадид, Балчароғ шаби гузашта ба дасти Толибон гузашт.”

Дар мавриди талафот дар ин даргириҳо гузориш нашудааст.

Муҳаммад Тоҳир Раҳмонӣ, раиси Шӯрои вилоятии Форёб гуфтааст, Толибон пас аз як ҳамла маркази ноҳияи Балчароғро тасарруф карданд. Ӯ дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ иддао кард, ки даҳҳо низомии афғон ба Толибон таслим шудаанд.

Раиси Шӯрои вилоятии Форёб ҳушдор дод, ки агар ба вазъи амниятии ноҳияҳои Кӯҳистон ва Ғурмоҷ таваҷҷуҳ нашавад, ин ноҳияҳо низ ба сарнавишти Балчароғ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG