Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти "ҷиддӣ"-и Меркел ва Путин. Чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?


Ангела Меркел ва Владимир Путин
Ангела Меркел ва Владимир Путин

Кремлин мегӯяд, Ангела Меркел – садри аъзами Олмон – ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар дидори рӯзи 18-уми август дар наздикии Берлин мулоқоти “бисёр ҷиддӣ ва дақиқ” доштанд. Ба қавли манбаъ, ду тараф дар мавриди масоили Эрону Украина, Сурия ва лӯлаи гази “Норд Стрим 2” суҳбат кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, гуфтааст, музокироти сесоата "бисёр ҷиддӣ буд". Ин нахустин изҳори назари як мақоми расмӣ пас аз дидори Меркелу Путин дар шимоли Берлин аст. Мақомот гуфтанд, ки раҳбарони Русияву Олмтон нишасти хабарии муштарак нахоҳанд дод ва ягон эъломияи расмӣ низ ҳанӯз дарёфт нашудааст.

Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Аммо пеш аз дидори рӯзи шанбе садри аъзами Олмон гуфта буд, ки бо Путин дар мавриди Эрону Украина, Сурия ва хатти лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Русия ба Олмон - гап мезанад. Меркел таъкид карда буд, “аз назари ман, танҳо аз тариқи музокирот метавон ба масоили баҳсангез расидагӣ кард.”

Владимир Путин низ пеш аз дидори рӯзи шанбе бо Меркел гуфта буд, дар мавриди созиши ҳастаии Эрону қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ гуфтугӯ мекунанд. Дмитрий Песков рӯзи 19-уми август таъкид кард, ки раҳбарони Русияву Олмон барои идомаи музокироти чаҳоргона дар робита ба буҳрони Сурия тавофуқ кардаанд. Олмон, Русия, Фаронса ва Туркия ин музокиротро пеш мебаранд. Ҳадаф аз он поён додан ба ҷанги дохилии Сурия аст.

Эрону Русия муҳимтарин ҳомиёни Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд. Ҳимояти онҳо натанҳо ба бақои Асад дар ҷараёни ҷанг кумак кард, балки сабаб шуд баъди ҳашт соли даргирӣ нирӯҳои ӯ бахшҳои густардаи кишварро дубора зери назорати худ дароранд.

Дар ҷанги дохилии Сурия садҳо ҳазор нафар кушта шуда, беш аз ниме аз аҳолӣ овора гардидаанд.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эътилофи зери раҳбариаш аз гуруҳе аз мухолифони Башор Асад дар ҷараёни набардҳо бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунад. Туркия низ ҳомии гурӯҳе аз шӯришиён аст. Ҳарчанд ин гуруҳҳои мухолиф даргириҳои маргбор алайҳи якдигар доштаанд.

Дар мавриди даргириҳо дар Украина ду тараф ба риояи созиши Минск таъкид кардаанд. Ангела Меркел – садри аъзами Олмон – бо ишора ба хатти лӯлаи “Норд Стрим 2” гуфтааст, Украина дар содироти газ ба Аврупо бояд нақши муҳим дошта бошад.

Ӯ гуфтааст, аз музокирот дар мавриди ин масъала байни Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Украина истиқбол мекунад. Путин дар навбати худ гуфтааст, ки содироти газ ба Аврупо аз лиҳози тиҷоратӣ дар назди Маскав аҳамият дорад. “Тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” аз лиҳози иқтисодӣ як пружаи комил аст. Ин пружа дар давоми интиқоли гази Русия аз тариқи хоки Украина кадом таъхирро ба миён намеовард. Ман дар ин маврид мавқеи садри аъзами Олмонро дарк мекунам, ки батакрор ин масъаларо матраҳ мекунад”, - афзудааст ӯ.

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” мухолфиат дорад ва даъво мекунад, ки ин пружа вобастагии Олмонро ба гази табиии Русия зиёд месозад.

Тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” бар иловаи инки гази табиии Русияро аз қаламрави Украина интиқол медиҳад, ин гази табииро ба Олмон ҳам мерасонад.

Аз ин пеш раҳбарони Олмону Русия моҳи майи имсол дар шаҳри Сочӣ мулоқот карда буданд.

XS
SM
MD
LG