Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи 20 натавонист, назари Трампро тағйир диҳад


Нишасти G20 ё раҳбарони бист кишвари саноатии ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон натавонист, назари Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрикоро ба тағйироти иқлим тағйир диҳад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи 8-уми июл дар поёни ин нишаст гуфт, ки 19 иқтисоди бузурги ҷаҳон, ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида, бар сари паймони тағйироти иқлим ба тавофуқ расиданд.

Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 200 пулис захмӣ шуда ва беш аз 200 тазоҳургар боздошт гардидааст.

Ӯ гуфт, “бисёр хушҳолам, ки сарони кишварҳои дигари Гурӯҳи 20 дар мавриди паймони Порис ба тавофуқ расиданд ва онро тағйирнопазир хонданд. Онҳо тавофуқ карданд, ки масъулиятҳои мо дар мавриди созиши иқлимии Порис бояд ба зудтарин фурсат мавриди иҷро қарор гиранд.”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки моҳи гузашта аз тавофуқи тағйироти иқлими соли 2015 хориҷ шуд, бе онки дар нишасти поёнии Гурӯҳи 20 суханронӣ кунад, Олмонро бо мақсади Амрико тарк намуд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон

Трамп дар оғози моҳи июн созиши иқлимии Порисро “бори зиёдатӣ” барои мардуми Амрико хонда ва гуфта буд, бар асоси як пажӯҳиши анҷомшуда, иҷрои ин тавофуқнома то соли 2025 беш аз 2,5 миллион ҷои кориро аз байн хоҳад бурд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин созишнома бар хилофи фоидае, ки барои дигар кишварҳо дорад, суде барои Иёлоти Муттаҳида надорад.

Кишварҳои дунё бори нахуст барои мубориза бо тағйироти иқлим рӯзи 12-уми декабри соли 2015 дар Порис ба созиш расида буданд.

Ин созиши таърихӣ пас аз ҳудуди ду ҳафта музокироти сахт ба даст омада буд. Бар пояи ин тавофуқ, ҳамаи кишварҳо муваззаф шуданд, ки тавлиди газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд. Ҳамчунин мизони афзоиши гармии замин то соли 2100 бояд зери ду дараҷа боқӣ бимонад.

Эммануэл Макрон ва Доналд Трамп
Эммануэл Макрон ва Доналд Трамп

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, ки кишвараш рӯзи 12-уми декабри имсол барои даст ёфтан ба пешрафтҳои бештар дар заминаи татбиқи созиши Порис нишасти дигареро мизбонӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, ба нақл аз Макрон гуфта шуд, ӯ ҳанӯз ҳам умедвор аст, Трампро тарғиб кунад, то назарашро дар мавриди тағйироти иқлимӣ тағйир бидиҳад.

Дар ҳошияи ин нишасти дурӯза, Доналд Трамп ва ҳамтои русаш Владимир Путин беш аз ду соат рӯбарӯ суҳбат карданд. Бино ба гузоришҳо, ду раҳбар бар сари чанд масъала, аз ҷумла ҷанги Сурия ба як нуқтаи назари муштарак расиданд.

Ҳамзамон бо баргузории нишасти дурӯза норозиёни низоми сармоядорӣ дар Ҳамбург даст ба тазоҳурот заданд, ки ба даргирӣ миёни онҳо ва пулиси Олмон анҷомид. Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 200 пулис захмӣ шуда ва беш аз 200 тазоҳургар боздошт гардидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG