Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп Амрикоро аз созиши иқлимии Порис хориҷ кард. ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 1-уми июн эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз Созиши мубориза бо тағйироти иқлимии Порис маъруф бо "Созиши Порис", хориҷ мешавад. Хуруҷ аз Созиши Порис, аз ҷумлаи ваъдаҳои интихоботии Доналд Трамп буд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Доналд Трамп дар як гуфтугӯи мустақими телевизионӣ гуфтааст: "Мо аз ин созиш хориҷ мешавем, вале музокираи худро оғоз карда ва мунтазир мемонем, то бубинем оё метавонем як созишномаи одилона дошта бошем". Доналд Трамп дар идома гуфтааст, ки "аз имрӯз Амрико иҷрои ҳама мавридҳои ғайри иҷбории Созиши Порис ва хароҷоти сангини молӣ ва иқтисодӣ, ки ин созиш бар кишвари мо таҳмил мекунадро, мутаваққиф месозад."

Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ин созишнома бар хилофи фоидае, ки барои дигар кишварҳо дорад, суде барои Иёлоти Муттаҳида надорад.

Трапм ин созишро "бори зиёдатӣ" барои мардуми Амрико хонд ва афзуд, ки бар асоси як пажӯҳиши анҷомшуда, иҷрои ин тавофуқнома то соли 2025 беш аз 2,5 миллион ҷои кориро аз байн хоҳад бурд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин созишнома бар хилофи фоидае, ки барои дигар кишварҳо дорад, суде барои Иёлоти Муттаҳида надорад. Вай таъкид кард, ки "масъалаи тағйироти иқлим аҳамияти камтар дорад ва нуқтаи муҳимтар ин аст, ки дигар кишварҳо нисбат ба Амрико бештар аз назари молӣ, баҳраманд мешаванд."

Трамп дар ин росто ба маҳдудиятҳо дар заминаи истифода аз ангиштсанг дар Амрико ишора кард. Он ҳам дар ҳоле, ки Чин ва кишварҳои аврупоӣ ҳамчунин иҷозаи бунёди корхонаҳои истихроҷи ангиштсангро медиҳанд. Вай гуфтааст, ки "ҷойҳои кории вобаста ба бахши ангиштсанг аз байн намераванд, ин ҷойи корҳо танҳо аз Амрико ба дигар кишварҳо мунтақил мешаванд."

Хуруҷи Амрико аз ин созиш дар ҳоле сурат мегирад, ки раҳбарони Чин, Конодо, Иттиҳодияи Аврупо, Олмон ва Ҳинд дар рӯзҳои ахир ба пойбандӣ ва эҳтироми худ ба ин созиш, бори дигар таъкид карданд. Раиси Комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми май гуфта буд, ки "амрикоиҳо наметавонд фавран аз созиши ҳифозат аз тағйироти обу ҳаво хориҷ шаванд. Оқои Трамп ин тавр фикр мекунад, чун аз ҷузъиёт хабар надорад."

Раҳбарони аврупоӣ дар рӯзҳои ахир талоши зиёде карда буданд то ҳукумати Амрико аз тасмими хуруҷ аз созиши мубориза бо тағйироти иқлимӣ, худдорӣ кунад. Чин ва Русия низ дар охирин лаҳзаҳо ба ин талошҳо пайваста буданд. Тасмими ниҳоии оқои Трамп бо интиқодҳое дар дохил ва хориҷ аз Амрико рӯбарӯ шудааст. Шуморе аз сиёсатмадороне низ аз тасмими раиси ҷумҳури он кишвар ҳимоят кардаанд.

Бо эъломи Доналд Трапм, Амрико ба ду кишвар - Никарагуа ва Сурия пайваст, ки хориҷ аз ин созишнома ҳастанд. Кишварҳои дунё барои нахустин бор дар таърих барои мубориза бо тағйироти иқлим, рӯзи 12 декабри соли 2015 дар Порис ба созиш расида буданд.

Ин созиши таърихӣ пас аз ҳудуди ду ҳафта музокироти сахт ба даст омада буд. Бар пояи ин тавофуқ, ҳамаи кишварҳо муваззаф шуданд, ки тавлиди газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд. Ҳамчунин мизони афзоиши гармии замин то соли 2100 бояд зери ду дараҷа боқӣ бимонад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханронӣ дар оғози конфаронси муҳитизистии Порис гуфта буд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфта буд, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG