Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти иқлимӣ: зарба ба фақирон


Беобӣ аз мушкилоти аслии баъзе аз манотиқи Тоҷикистон
Беобӣ аз мушкилоти аслии баъзе аз манотиқи Тоҷикистон

Созмони бритониёии “Оксфам” дар Душанбе гузориши тозаи худро дар бораи тағйироти иқлимӣ ва таъсири он ба сокинони камбизоати Тоҷикистон муаррифӣ кард.

ГУЗОРИШ

Гузориш иборат аз 20 саҳифа аст ва ба гуфтаи Эндӣ Бейкер, раҳбари намояндагии “Оксфам”, дар заминаи сӯҳбатҳои кормандони ин созмони бритониёӣ бо сокинони Тоҷикистон дар авохири соли 2009 таҳия шудааст. Аммо оқои Бейкер гуфт, ин намунаи ниҳоии гузориш нест ва онҳо омодаанд, ки пешниҳодҳо дар ин заминаро ба гузориш ҳамроҳ кунанд.

Эндӣ Бейкер, раҳбари намояндагии “Оксфам” дар Душанбе, мегӯяд, онҳо дар гузориши тозанашри худ талош кардаанд, ки тағйироти иқлимӣ ва пайомадҳои он ба зиндагии сокинонро аз худи мардуми русто бипурсанд. Ба гуфтаи вай, тағйироти иқлимӣ беш аз ҳар нафари дигар ба мардуми камбизоат, ки танҳо ба ҳосили мазореи худ дида медӯзанд, осеб хоҳад расонд: “Тағйири иқлим метавонад аз чанд ҷиҳат ба зиндагии мардум таъсир расонад. Масалан, аз тариқи соҳаи кишоварзӣ. Аксари сокинони Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва хушксолӣ метавонад, ки маҳсулоти кишоварзии онҳоро камтар кунад ва маҳсулот, ки ба даст наояд, хатари мувоҷеҳ шудан ба гуруснагӣ бештар мешавад”.

ГАРМӢ

“Оксфам” дар гузориши худ Тоҷикистонро дар қатори 9 кишвари ҷаҳон қарор додааст, ки аз осебпазиртарин мамолик аз тағйироти иқлимӣ ба ҳисоб меоянд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Тоҷикистон кишвари фақирест, ки ҳудудан 53 дарсад аз аҳолии ҳафт миллион нафараш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Ва бо вуҷуди он ки камтар аз ҳафт дарсади заминҳояш кораманд, аммо манбаъи аслии зиндагии қисмати бештари сокинон аз бахши кишоварзӣ бастагӣ дорад.

Гузориш мегӯяд, тақрибан аз се ду ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути обёрӣ ҳосил мешавад, аммо аксарияти кишоварзон аз натиҷаи хушксоливу тағйирёбии иқлим ранҷ мебаранд. Худи сокинон низ дар сӯҳбат ба кормандони “Оксфам” гуфтаанд, ки дар чор соли ахир гармии ҳаворо эҳсос мекунанд ва ин гармӣ ба зироатҳои онҳо низ безиён набудааст. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад дар зарфи 50 соли ахир гармии ҳаво дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ним то 2 дараҷа боло рафта ва сабаби об шудани 20 дарсад аз майдони пиряхҳои ин кишвар шудааст.

ВОКУНИШҲО

Ин гузориши “Оксфам” бо вуҷуди он ки аз тарафи баъзе аз коршиносон пазироӣ ёфт, вале ба танқиди бештари олимони тоҷик ва бархе дигар аз масъулони давлатӣ низ рӯ ба рӯ шуд.

Абдулҳамид Қаюмов, проффесори тоҷик, мегӯяд, ин гузориш дар заминаи сӯҳбатҳои сокинон таҳия шудааст ва далелҳои илмӣ надорад.
Вай мегӯяд, “бояд масъалаи истифодаи нуриҳои минералӣ ва ҳосилнокиро таҳлил мекарданд. Далелҳо бояд қотеълона бошад. Ин маълумоти илмӣ нест. Танҳо ахбор и ҷамъиятист”.

Неъматулло Сафаров, корманди маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, ки як ниҳоди мустақил аст, камҳосилӣ дар Тоҷикистонро ба тағйироти иқлимӣ бастагӣ надод. Вай низ ба ин бовар аст, ки кам будани нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои пастсифат сабаби камҳосилӣ шудааст.

Аммо Эндӣ Бейкер мегӯяд, ”Оксфам” дар ин ҷо кори дигар мекунад. Мо медонем, ки дар Тоҷиистон олимони хуб зиёданд ва онҳо мегӯянд, ки иқлим тағйир меёбад. Мо хостем бубинем, ки мардум дар ин бора чӣ фикр дорад”.

КОРШИНОС

Дар ҳамин ҳол, Қурбоналӣ Партоев, коршиноси муҳитзистӣ, мегӯяд, тағйироти иқлимӣ дар Тоҷикистон эҳсос мешавад ва зарбаи нахустини он ба сари кишоварзон бар хоҳад хӯрд. Вай мегӯяд, бояд олимони тоҷик дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ тарҳи дурнамои кишоварзиро таҳия ва воҳидҳои кишоварзиро бо навъҳои нави ба хушкитобоваранда таъмин созанд: “Дар он ҳолат мо метавонем, ки паст рафтани маҳсулоти кишоварзиро боз дорем. Ва дар ин самт мо барои таъмини озуқаворӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ муваффақ мешавем”.

Бо ин ҳол, намояндагони созмони бритониёии “Оксфам” мегӯянд, дар гузориши тозанашри худ чанде аз тавсияҳоро низ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва саросарӣ эълом доштаанд. Эндӣ Бейкер, раҳбари “Оксфам” дар Душанбе мегӯяд, ҳоло онҳо бо намояндагони ҳукмат, донорҳо, созмонҳои иҷтимоӣ сӯҳбат доранд, ки чӣ гуна ба мардум кӯмак кунанд, то “ҳазм”-и пайомадҳои тағйироти иқлимӣ барояшон осонтар шавад.
XS
SM
MD
LG