Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Forbes" Путинро қудратмандтарин шахси ҷаҳон донист


Нашрияи амрикоии "Forbes" рӯзи чаҳоршанбеи 14 декабр Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба унвони қудратмандтарин шахсияти ҷаҳон дар соли 2016 эълон кард. Ин барои соли чаҳорум аст, ки Владимир Путин дар садри ин феҳристи 74-нафара қарор мегирад.

Дар раддабандии имсолаи "Forbes", Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дувумин фарди қудратманди ҷаҳон шинохта шудааст. Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, Си Чин Пин, президенти Чин, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои бори чаҳорум пайдарпай дар садри ин феҳрист қарор гирифтааст."

Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин раддабандии қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз назари нашрияи "Forbes", дар рутбаи 18-ум ва болотар аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, қарор гирифтааст. Барак Обама дар ин раддабандии "Forbes" дар ҷои 48-ум қарор дорад, дар ҳоле ки соли гузашта нафари дувум шуда буд.

"Форбс" навиштааст, ки феҳрист шомили садҳо тан дар саросари ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба навиштаи торнамои "Forbes", барои таҳияи феҳристи 74-нафарии қудратмандтарин афроди ҷаҳон дар соли 2016, меъёрҳое чун мизони контрол бар мардум, манбаъҳои иқтисодии таҳти назорати ҳар шахс ва дороиҳои афрод, дар назар гирифта шуда буданд.

Алишер Усманов дар ин феҳрист дар рутбаи 58-ум қарор дорад.
Алишер Усманов дар ин феҳрист дар рутбаи 58-ум қарор дорад.

Ба ҳамин асос, Поп Франсис, аз он сабаб, ки раҳбарии беш аз як миллиард католики ҷаҳонро бар дӯш дорад ва Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ бинобар вуҷуди 20 дарсади захираҳои шинохташудаи нафт дар ин кишвар, дар феҳристи қудратмандтарин ашхоси ҷаҳон қарор гирифтаанд. Дар айни ҳол, як меъёри муҳим барои муаррифӣ шудани қудратмандтарин ашхос дар ҷаҳон, тавоноиҳои онон дар бахшҳои мухталиф будааст.

"Forbes" аз ҷумла навиштааст, ки як меъёр барои муаррифии афроди қудратманди ҷаҳон, тавоноии истифода аз қудраташон будааст ва дар ин маврид ба Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ишора кардааст. Раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки дар раддабандии "Forbes" дар рутбаи 43 қарор дорад, контроли зиндагӣ ва марги 25 миллион танро дар ин кишвар дар даст дорад.

Дар ин феҳрист номҳои Алишер Усмонов, тоҷири узбактабори Русия, Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ", Айман Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" низ ба чашм мехӯранд. Аз раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ ҷуз Владимир Путин номи ҳеҷ фарде ба ин феҳрист шомил нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG