Пайвандҳои дастрасӣ

"Душвортарин" нишасти НАТО. ВИДЕО


Дар остонаи нишасте, ки ба ақидаи бисёриҳо "душвортарин" нишасти НАТО хоҳад буд, Доналд Трамп бо ҳамла ба ҳукумати Ангела Меркел, Олмонро ба бастани қарордоди энержӣ бо Русия, "асир"-и ҳукумати Владимир Путин хонд. Раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқот бо дабири кулли НАТО пеш аз ин нишаст, ҳукумати Олмонро ба сабаби бастани қарордоди миллиардолларӣ бо Русия барои як бунёди хати лӯлаи газ сарзаниш кард ва гуфт, ки "Олмон комилан ба контрол"-и Русия даромадааст.

Созмони НАТО дар таърихи наздик ба 70-солаи худ танҳо як бор банди панҷуми оинномаи худро амалӣ кард ва он ҳам пас аз ҳодисаҳои 11-и сентябри соли 2001 дар Амрико.

Ишораи оқои Трамп ба қарордоди хати лӯла барои ворид кардани газ аз Русия аст, ки ҳукумати Ангела Меркел аз он ҳимоят мекунад. Ба гузориши хабаргузориҳо, вазири дифои Олмон низ дар посух бо ишора ба мушкилоти мавҷуд бо Русия таъкид кардааст, "роҳи иртибот миёни кишварҳо, муттаҳидон ё рақибон бояд боз бимонад."

Кишварҳои аврупоии узви НАТО имрӯз чаҳоршанбеи 11-уми июн дар Бруссел, ки Доналд Трамп низ дар он ҳузур дорад, иштирок мекунад, ки бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносон онро "душвортарин" нишасти ин солҳо мехонанд.

Аз замони ба қудрат расидан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ, Доналд Трамп борҳо ишора кардааст, ки дигар аъзои НАТО ба ваъдаи худ барои таъмини будҷаи низомии ин созмон пойбанд набудаанд. Тибқи оинномаи ин созмон, ҳар узв вазифадор аст 2% аз тавлиди нохолиси дохилии худро ба будҷаи НАТО ҷудо кунад. Аммо танҳо панҷ кишвари узв аз 29 кишвар, ба ин ваъдаи худ вафо кардаанд, ки иборат аз Амрико, Бритониё, Руминия, Эстония ва Юнон мебошанд.

Тибқи оморе, ки созмони НАТО дар соли 2017 нашр кард, дар ҳоле, ки Амрико беш 3,5 дарсад аз тавлиди нохолиси худро сарфи будҷаи дифоӣ мекунад, Фаронса 1,79, дарсад ва Олмон 1,22 дарсад аз тавлиди худро ба НАТО кӯмак мекунанд. Донанд Трамп рӯзи сешанбе дар "Твиттер"-и худ ин масъаларо матраҳ кард ва пурсид, "оё онҳо пулҳои Амрикоро бархоҳанд гардонд?"

Ба ҳамин сабаб, хабаргузориҳо менависанд, ҳарчанд мақомоти НАТО талош хоҳанд кард нишон диҳанд, ки ваҳдат дар миёни аъзои ин созмон ҳукмфармост, таниш бо Кохи Сафед рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба вижа он, ки раиси ҷумҳури Амрико душанбеи ҳафтаи оянда дар Ҳелсинкӣ -пойтахти Финландия, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва душмани рақами яки НАТО мулоқот мекунад.

Доналд Трамп рӯзи сешанбе аз ҳамаи мулоқоти дидорҳо ва қарорҳои ҳафтаи пешрӯи худ, дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои русашро "аз ҳама осонтар" хонд. Қарор аст Доналд Трамп як рӯз пас аз нишасти НАТО дар рӯзи панҷшанбе худро ба Лондон бирасонад. Дар ин шаҳр мухолифони сиёсатҳои ҳукумати ӯ барои тазоҳурот ва эътирозҳо омодагии густурда дидаанд.

Баҳси Трамп ва Столтенберг дар бораи ҳамкориҳои энержӣ бо Русия
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:04 0:00

Интиқоди сахти раиси ҷумҳури Амрико аз Иттиҳодияи Аврупо -- бузургтарин муттаҳиди Амрико ва ёдовари нишасти "талх"-и Гурӯҳи 7, ки моҳи гузашта дар Канада баргузор шуд, нишон медиҳад, ки нишасти рӯзи чаҳоршанбеи НАТО бидуни таниш ва ҷадал поён нахоҳад ёфт.

Як нишонаи ин таниш ва ҷудоӣ, посухе аст, ки раиси Шӯрои Авруо Доналд Туск рӯзи сешанбе ба паёми сарзанишомези Доналд Трамп посухи тунде дод ва гуфт, "Амрико муттаҳиди беҳтаре аз Аврупо надорад ва нахоҳад дошт. Будҷае, ки Аврупо ба умури дифоӣ ҷудо мекунад, бештар аз Русия ва баробари будҷаи дифоии Чин аст. Амрико азиз, қадри муттаҳидонатро бидон, махсусан ин, ки муттаҳидони зиёде ҳам надорӣ."

Оқои Туск дар идома ба раиси ҷумҳури Амрико ёдоварӣ кард, ки пас аз ҳодисаи 11-и сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк, ин нерӯҳои низомии Аврупо буданд, ки дар дифоъ ва ҳимоят аз Амрико ба майдон омаданд.

Созмони НАТО дар таърихи наздик ба 70-солаи худ танҳо як бор банди панҷуми оинномаи худро амалӣ кард ва он ҳам пас аз ҳодисаҳои 11-и сентябри соли 2001 дар Амрико. Тибқи банди панҷуми оинномаи НАТО, ҳамлаи низомӣ ба ҳар як узви ин созмон, ҳамла ба ҳамаи аъзо ба шумор меравад ва ҳар 29 узв барои дифоъ аз он ба майдон меоянд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти "Гурӯҳ 7" дар Канада ба муттаҳидони ғарбии худ тохт, аз баёнияи дастаҷамъии онҳо худро канор кашид ва баъд дар мулоқот бо раҳбари Кореяи шимолӣ ӯро бисёр ситоиш намуд. Хабаргузориҳо аз нигаронии дипломатҳои аврупоӣ аз такрори ин сенария дар Бруссел ва Ҳелсинки хабар медиҳанд.

Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ --НАТО як паймони низомӣ мебошад ва дар моҳи апрели соли 1949 ба ҳадафи дифои ҷамъӣ дар Вашингтон таъсис шудааст Ин паймон дар ҳоли ҳозир 29 узв дорад ва бузургтарин паймони низомӣ дар ҷаҳон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG