Раҳбарони Шӯрои олии сулҳ ва Шӯрои уламои Афғонистон аз Толибон ва ҳукумати он кишвар хостаанд, ки дар рӯзи таҷлил аз иди Қурбон оташбас эълон кунанд.
Карим Халилӣ ва Мавлавӣ Қиёмиддин мегӯянд, мардуми Афғонистон дар рӯзҳои таҷлил аз иди Қурбон ба оромиш ва амният ниёз доранд. Халилӣ рӯзи 18-уми август дар як нишаст дар Кобул аз ҳарду тараф хост, то монанди иди саиди Фитр оташбас намоянд.
Толибон то ҳанӯз дар ин бора ибрози назар накардаанд. Аммо Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, машварат дар мавриди оташбас идома дорад. Ӯ афзуд, Ашраф Ғанӣ ба зудӣ дар ин бора мавқеи худро эълон хоҳад кард.
Толибон пас аз эълони оташбас аз сӯи ҳукумат дар се рӯзи иди саиди Фитр оташбас эълон карда буданд. Ин иқдоми бесобиқа бо истиқболи гарм дар Афғонистону ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд.
Ҳоло интизориҳо дар Афғонистон ин аст, ки дар иди Қурбон бори дигар оташбаси дутарафа эълон гардад ва бо тамдиди он замина барои оғози музокироти сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад.