Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадорони зиндонии қирғиз гуруснашинӣ эълон карданд


Бектур Асанов ва Қубанчибек Қодиров
Бектур Асанов ва Қубанчибек Қодиров

Сиёсатмадорони зиндонии қирғиз Кубаничбек Қодиров ва Бектур Асанов бо талаби таъмини дастарсии онҳо ба қарори Додгоҳи олӣ, рӯзи 16 август гуруснашинӣ эълон карданд. Дар ин бора Толубой Закишев, як масъули хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи мақомдор, зиндониҳои сиёсӣ ба ин далел ки то кунун бо қарори Додгоҳи олӣ ошно нашудаанд, аз истеъмоли ғизо даст кашидаанд. Қарори додгоҳ, ки моҳи июн содир шуд ва то кунун ба хадамоти иҷрои ҷазо нарасидааст.

Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодиров бо айби "талоши ғасби ҳукумат" моҳи марти соли 2016 боздошт шуданд. Муҳокимаи додгоҳии ин ду сиёсатмадор бештар аз 2 сол давом карда, 7 июн Додгоҳи олӣ Қодиров ва Асановро айбдор ва 8-солӣ зиндонӣ кард. Эрнест Карибеков, як муттаҳами дигар, ки ҳамроҳ бо Қодиров ва Асанов боздошт шуда буд, ба муҳлати 14 сол зиндонӣ шуд. Ба ғайри ин, котиби пешини давлатии Қирғизистон Достон Саригулов, дар доираи парванади мазкур, шартан барои чаҳор сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Зиндониҳо ва ҷонибдорони онҳо айбҳои эълоншударо рад мекунанд ва талаб доранд, ки ҳукми додгоҳ бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG