Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Лукашенко ба Рамазон Қодиров орден тақдим кард


Александр Лукашенко ва Рамазон Қодиров
Александр Лукашенко ва Рамазон Қодиров

Президенти Беларусия Александр Лукашенко ба раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ордени "Дӯстии халқҳо"-ро тақдим кард. Дар ин бора хабаргузории БелТа рӯзи 16 август бо такя ба дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар дод.

Ордени "Дӯстии халқҳо"-и Беларусия баландтарин ҷоизаи давлатӣ барои хориҷиҳо аст. Ин ҷоизаро аз нуқраву тилло месозанд ва маълуман дар гардан меовезанд.

Ба гуфтаи бахши Беларусии радиои Озодӣ, Рамазон Қодиров бо Виктор Лукашенко, писар ва ёвари президенти Беларусия дар умури амнияти миллӣ, робитаи хуб дорад. Охири моҳи июл Виктор Лукашенко дар сафаре ба Чеченистон бо Рамазон Қодиров мулоқот кард. Раҳбари Чеченистон он замон гуфт, ки робитаи Чеченистон бо Беларусия дар ҳама соҳаҳо, бо шумули иқтисод ва бизнес, дар ҳоли рушд қарор дорад.

XS
SM
MD
LG