Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД хулосаи ташхиси марги хабарнигори Радиои Озодиро дарёфт кард


Уланбек Эгизбоев
Уланбек Эгизбоев

Хулосаи ташхиси судӣ-тиббии ҳалокати рӯзноманигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Уланбек Эгизбоев дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон қарор гирифт. Дар ин бора ба радио 16 август муфаттиш Суйунбек Мунайтпасов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби марги рӯзноманигор ғарқшавӣ гуфта шудааст. Дар меъдаи Эгизбоев маводи заҳрогин пайдо накарданд.

Ташхисгарон гуфтанд, осоре, ки дар пойҳои рӯзноманигор дида мешуд, баъд аз марги ӯ пайдо шуданд.

Намояндаи ВКД Қирғизистон гуфт, хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ таҳлил шуда, тафтишот идома дорад ва тамоми маълумот дар асоси хулосаи тиббӣ омӯхта мешавад.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар навбати худ роҷеъ ба марги хабарнигораш таҳқиқот мебарад ва аз натиҷаҳои он ҷомеаро огаҳ хоҳад кард.

Уланбек Эгизбоев, ки бо мақолаҳои тунди танқидии худ маъруф буд, 22 июл ҳангоми истироҳат дар кӯли Иссиқкӯл ба ҳалокат расид.

Пештар санҷиши марги рӯзноманигорро додситонӣ зери назорат гирифта буд. Муфаттишон ҳолатҳои таҳдид ба рӯзноманигорро дар давраи зинда буданаш месанҷанд.

XS
SM
MD
LG