Додгоҳи вилояти Бадахшон Некрӯз Ниятбеков ва Восеъ Ҳабибзодаро барои куштор ва ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаводаи Назридодовҳо аз 23 то 28 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаи Назридодовҳо дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаби 5-уми октябри соли гузашта сурат гирифт. Ин корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таппонча хушдомани бародараш Оламгул Девлоховаро кушт ва Мубориз Назридодов, ҳамсари бародараш Ганҷина Назридодова ва писари бародараш Амирҷони 14-соларо захмӣ намуда буд.
Амирҷон аз сараш тир хӯрда буд ва баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт. Амалиёти Амирҷонро баъди захмӣ шуданаш шахсан Шодихони Ҷамшед, табиби ҷарроҳ анҷом дод. Раиси вилояти Бадахшон рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳарчанд аз рӯзи аввали ин ҳодиса шонси зинда мондани Амирҷон зиёд набуд, онҳо ба хотири сиҳҳатиаш паи табобати ӯ шуданд.
Мақомот меӯянд, ки баҳси миёни Некрӯз ва Назридодовҳо пас аз даргузашти бародараш Далер Ниятбеков сар задааст. Додгоҳ баҳси ду тарафро дар мавриди соҳибӣ ба манзили Далер Ниятбеков ба манфиати ҳамсари ӯ ҳал карда, хашми Некрӯзро барангехтааст.
Худи Ниятбеков дар навори бозпурсии мақомот, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфта буд, ҳадафаш танҳо тарсондани ҳамсари бародар ва хонаводаи онҳо буд. Он замон гуфта мешуд, ки Ҳабибзода Восеи Саъдулло, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин ҷиноят Некрӯз Ниятбековро ҳамроҳӣ карда, дар пайи ин ҳодиса алайҳи ӯ ҳам парванда боз шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, ки ҳукми ин ду нафар ҳанӯз моҳи феврал содир шуда, додгоҳ муттаҳамонро дар одамкушӣ, бо бераҳмии махсус, аз ҳиссиёти авбошӣ, истифодаи силоҳи оташфишон, вайрон намудани дахлнопазирии манзил, несту нобуд кардани амвол, шарикӣ дар ҷиноят гунаҳкор донистааст. Ниятбеков ба 28 соли зиндон ва Ҳабибзодаро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.
Солҳои ахирдар пайи баҳсҳои хонаводагӣ, чандин сокинон кушта шуданд. Дастрасӣ ба манзил ва порчаи замин аз мушкили рақами яки Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 93 дар садаш кӯҳистон мебошад ва аз 7 дарсади боқимондаи қаламрав танҳо сеяки он нисбатан ҳамвор ва барои кишоварзӣву бунёди манзил қобили истифода аст.
Бинобар як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба як нафар дар кишвар тақрибан 6 сотих рост меояд. Оҷонсии омор мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳар як хонавода дар Тоҷикистон 31 метри квадратӣ бинои зист дорад. Солҳои истиқлолияти Тоҷикистон шумори даъвоҳои судиву ҷанҷолҳои авлодиву хонаводагӣ барои дастрасӣ ба манзил ва замин торафт бештар мешавад.