Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон дар Тоҷикистон 21-уми август таҷлил мешавад


Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми август таҷлил хоҳад шуд. Бино ба қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, намози ид дар масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 баргузор мешавад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, санаи таҷлили иди Қурбонро мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо муайян кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои уламо, ки рӯзи 14-уми август баргузор шуд, ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дастур дода шудааст, дар мавъизаҳояшон мардумро ба худдорӣ аз зиёдаравиҳо дар мавриди оростани дастархони идона даъват кунанд.

Иди Қурбон дар баробари Иди Рамазон аз муҳимтарин ҷашнҳои динӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар кишвар рӯзи истироҳати расмӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG