Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як талаба калисои асри XVIII-ро дар Корелия оташ зад


Калисои чӯбини асри XVIII
Калисои чӯбини асри XVIII

Як навраси 15-сола ба оташ задани калисои чӯбини асри XVIII дар шаҳри Кондопогаи Корелия гумонбар шудааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 13 август бо такя ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ гузориш дод.

Як манбаъ дар идораи ҳифзи ҳуқуқи Корелия ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки наврас мушкили равонӣ дорад. Ӯ дар шарҳи рафтори худ гуфтааст, ки "мехост дар ҷаҳон машҳур шавад". Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати хабаргузории Интерфакс, навраси 15 сола худро ба гурӯҳи шайтонпараст нисбат медиҳад.

"Комсомолская правда" аз қавли сокинони маҳаллӣ гуфтааст, ки калисоро наврасе оташ зад, ки дар истироҳати тобистона ба хонаи модарбузургаш меҳмонӣ омода буд. Бинобар маълумоти тасдиқношуда, ӯ барои оташ задани калисо панҷ литр бензин истифода кардааст.

Ин калисо, ки соли 1774 сохта шуда буд, рӯзи 10 август комилан сӯхт. Дар идораи ҳифзи иншооти мероси фарҳангӣ ду фарзияи оташсӯзӣ - беэҳтиётии сайёҳон бо оташ ва барқасдона оташ заданро меомӯзанд. Кумитаи тафтишоти Русия дар заминаи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG