Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби $9000 “пора” барои дохил кардан ба факултаи тиббӣ


Маъмурони Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ду нафарро барои талаби 9 ҳазор доллар “пора” барои шомил кардани як довталаб ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллӣ боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 11-уми август гуфтанд, ки Муҳаммад Халилов ва Хуршед Қурбонов моҳи июни имсол, ҳангоми гирифтани пул дар наздикии бемористони “Қарияи Боло” дастгир шуданд.

Маълумоти бештаре дар бораи кӣ ва чикора будани ин афрод гуфта нашудааст. Мақмоот аз нафари ҷабрдида низ танҳо “А” ном бурдаанд.

Мақомот гуфтанд, Муҳаммад Халилов ва Хуршед Қурбонов миёнаҳои моҳи июни имсол бо шаҳрванд "А" дар Душанбе вохӯрда, гӯиё гуфтаанд, ки бар ивази 9000 доллар метавонанд ӯро ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллӣ дохил кунанд.

“Бо мақсади боварбахш кардани фиреби худ изҳор кардаанд, то санаи 25-уми июн маблағи талабнамудаашонро бо нусхаи шиноснома ва аттестат ба онҳо дастрас намояд”, - гуфтанд мақомот.

Маъмурони Оҷонсии зиддифасод мегӯянд, ин ду нафар дар навбати аввал аз довталаб 1000 долларро гирифта, “ҳарчи зудтар овардани 8000 доллари дигарро талаб намудаанд”.

“Рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Муҳаммад Халилов ва Хуршед Қурбонов дар шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағҳои зикршуда аз дохили мошинаи шахсии Халилов ҳамчун далели шайъи гирифта шуд”, - гуфтанд дар Оҷонсӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG