Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкалҳои "боодоб" – роҳи нави тарбияи ҷавонон дар Душанбе. ВИДЕО


Ба зудӣ дар маконҳои фароғатии шаҳри Душанбе муҷассамаҳои тарбиявӣ қомат хоҳанд афрохт. Ҳайкалҳое, ки тавассути онҳо ҷалби кӯдакон ба мактабу китобхонӣ ва намунаи хонаводаи хушбахт тарғиб мешавад.

  • Барои мисол, модаре ҳамроҳ бо духтари навраси худ рӯи хараке нишаста, бо диққат китоб мехонад. Ин намунаи яке аз муҷассамаҳои тарбиявӣ аст, ки бо дастури шаҳрдорӣ аз тарафи ҳайкалтарошон офарида шудааст.
Дар Душанбе роҳи нави тарбияи ҷавононро ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Бархеи дигар пешниҳод доранд, ки дар баробари муҷассамаҳо, ғурфа ё утоқҳои бепули китобхонӣ ҳам ташкил шавад

Ҳайкалсоз: Ҳадафи мо - тарбия

Дар ҳамаи муҷассамаҳо наврасонро дидан мумкин аст, ки дар ҳолатҳои мухталиф тасвир шудаанд. Яке бо падар китоб мехонад, дигаре ба насиҳати бобои асобадаст ва суҳбати бузургсолон гӯш медиҳад. Дар муҷассамаҳо ҳам афроде тасвир шудаанд, ки моли тахайюлии ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов аст. Ӯ дар ҳоле ки сари як пайкараи навбатӣ кор мекард, рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қомат афрохтани чунин муҷассамаҳо дар боғҳои серодами пойтахт барои тарбияи насли наврас ва бо ин роҳ тарғиби эҳтироми бузургсолон муҳим аст.

“Ҳар яке аз ин муҷассамаҳо дар муддати ду моҳ сохта шуданд. Аввал намунаи онро барои фармоишгар офаридам ва вақте барои онҳо писанд омад, баъдан аз гил ва баъд аз мис офаридам. Албатта, кори осон нест. Вале гузоштани ин гуна муҷассамаҳо тақозои замон аст. Фикр мекунам, барои сокинон ҳам писанд меояд”, - гуфт ӯ.

"Вақте модарро бо духтар дар ҳоли китобхонӣ мебинам"

Ин ҳайкалтароши тоҷик афзуд, дар замони Шӯравӣ боғҳои Душанбе чунин пайкараҳо доштанд, аммо баъди нобасомониҳо тахрибу валангор шуданд. Муҷассамаҳои тарбиявӣ дар шакле омода шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд дар паҳлӯи онҳо нишаста аксҳои ҷолиб бигиранд.

Муаллифони ин иқдом бовар доранд, ки муҷассамаҳо ҳадафрас хоҳанд буд, чун баробари дидани саҳнаи китобхонии як падар ё модар бо фарзанд волидон ҳам бештар ба фикри таълими бачаҳои худ мешаванд.

Фарҳод Абдуллобердиев, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, вақте калонсолон бо кӯдакони худ ба назди муҷассамаҳои тарбиявӣ меоянд, масъулияти бештар эҳсос мекунанд. Ӯ афзуд, “масалан, вақте муҷассамаи модарро бо духтараш дар ҳоли китобхонӣ мебинам ё падару писарро, он вақт ҳис мекунам, ки ман ҳам падар ҳастам. Кӯшиш мекунам, ки бояд бо фарзадонам ин корро анҷом диҳам”.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Абдуллобердиев, гузоштани муҷассамаҳои тарбиявӣ метавонад дар тарбияи дурусти кӯдакон ҳам таъсир гузоранд. “Зеро бо дидани чунин манзара эҳтироми кӯдак ба волидон зиёдтар мегардад”, - гуфт мусоҳиби мо.

"Ҷойҳои китобхонӣ ташкил кунед"

Қарор аст, нахустин муҷассамаҳои тарбиявӣ дар боғи ҷавонон қомат афрозад. Дар ҳамин ҳол, бархеи дигар пешниҳод доранд, ки дар баробари муҷассамаҳо, ғурфа ё утоқҳои бепули китобхонӣ ҳам роҳандозӣ шавад.

Шарифмуроди Исрофилниё
Шарифмуроди Исрофилниё

Шарифмуроди Исрофилиён, донишманди тоҷик гуфт, “муҳит барои наврасу ҷавон таъсиргузор аст. Вақте ҷавон дар як муҷассама муҳити худ ва ниёзи худашро мебинад, бешак ба фикр кардан водор мешавад. Чун дар кишварҳои хориҷ чунин ҳайкалҳо зиёд аст”.

Дар шароите, ки аксарият аз коста шудани ахлоқу тарбияи наврасону ҷавонон нигаронӣ мекунанд ва оморҳо ҳам солҳои ахир аз боло рафтани ҷинояткорӣ миёни ин қишр дарак медиҳад, ҷомеашиносон мегӯянд бояд аз шеваҳои наву муассир барои тарбияи дурусти кӯдакон кор гирифта шавад.

"Ин роҳ, ки ту меравӣ..."

Бахтиёр Аминӣ
Бахтиёр Аминӣ

Бахтиёр Аминӣ, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ҳоло бо пешрафти илму фановариҳо намешавад наврасону ҷавононро бо гузоштани пайкараҳо тарбият кард. Зеро ба гуфтаи ӯ дар ҳоли ҳозир на ҳама бузургсолон худашон маънии муҷассама ва намоди ӯро мефаҳманд.

“Беҳтар буд наврасон ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб шуда таълим бигиранд”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG