Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонуншиканӣ кунанд, ҳам касе ба онҳо намерасад" ВИДЕО


Маҳаллае дар Душанбе
Маҳаллае дар Душанбе

Дар як занозании гурӯҳӣ шаби 7 -уми июл дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шудаанд ва мақомоти интизомӣ тақрибан 20 нафарро бо иттиҳоми авбошӣ ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавонон сокинони кӯчаи Зайнабибӣ, Заҳматобод ва Сариосиёи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳастанд. Сокинон аз он нигаронанд, ки маҳаллаҳои онҳо низ «макони авбошон» мешавад.

Дар маҳалҳои мухталифи пойтахт тақрибан ҳар моҳ як, ё ду занозании гуруҳӣ иттифоқ меафтад.

Бекориву муҳоҷират аз сабабҳои аслӣ

Мақомот дар маҳаллаҳои як замон ором сар задани муноқишаҳоро ба чанд омил, аз ҷумла бекорӣ, муҳоҷират ва дур мондани писарон аз тарбияи волидайн рабт медиҳанд.

Ҳоҷиқурбон Одинаев, раиси маҳаллаи Сариосиёи Душанбе рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳазорҳо падари тоҷик дар Русия қарор доранд ва модар наметавонад ба танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон, бахусус писарон бароянд.

Ҳоҷиқурбон Одинаев
Ҳоҷиқурбон Одинаев

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, гоҳи дигар мушкили иқтисодӣ дар хонаводаҳо метавонад ҷавононро асабонӣ ва хашин кунад.

«Аксари ҷавононе, ки дар занозанӣ ширкат кардаанд, 18-солаанд ва мактабро хатм кардаанд ва шуғле надоранд. Вақте шаб аз бозии компютер мебароянд, бо чӣ баҳонае ҷанҷол мекунанд, ки то ба кордкашӣ анҷом меёбад -мегӯяд, Одинаев.

Маҳаллаҳои "бадном" зиёд мешаванд

Маҳаллаи “Меҳробод” маъруф ба Калинин аз ҷумлаи он минтақаҳои пойтахт аст, ки бо ҷангу ҷанҷоли зиёди наврасону ҷавононаш “бадном” шудааст. Ҷанҷолу кордкашии ҷавонону наврасони маҳалла бо ҳамсолонашон аз гӯшаҳои дигари пойтахт зиёд расонаӣ мешуд. Бархе саркардаҳои маъруфи гурӯҳҳо ҳоло паси панҷара ҳастанд.

Абдуқаҳҳор Азимов, раиси маҳаллаи Меҳробод, аз таҷрибаи корияш гуфт, ки ҳатто дар гузашта ҷангҳои гурӯҳии ҷавонон аз масоили ночизе мисли «гаппартоӣ ба як духтар» сар зада, то ба кордкашӣ расида буд. Сабаби дигар ба гуфтаи Азимов худнамоии бархе аз ҷавонони «бетарбия» аст.

Маҳаллаҳои "хатарнок" дар Душанбе зиёд шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Ба гуфтаи бархе сокинон, теъдоде аз наврасону ҷавононе, ки дар муноқишаҳо ширкат мекунанд аз хонаводаҳои сармоядор ва мансабдор ҳастанд, пуштибон ва боварӣ доранд ки қонуншиканӣ кунанд ҳам, “касе ба онҳо намерасад.”

Пулод Раҳимов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, чунин занозаниҳо маҳз бо раҳнамоии гуруҳе аз ҷавонони «саркашу душвортарбия» рух медиҳад. Хайриниссо Азизова, як сокини Душанбе мегӯяд, дар гузашта ҷанҷолу муноқишаҳо буданд, вале на ба ҳадде ки ҳоло такрор мешаванд.

«Дар Зарафшон бачаҳои хулиган бисёр буданд. Вале ба ин ҳад, ки ҳар рӯз дар ҳар маҳалла ҷангу ҷанҷол мешавад инхел набуд» - мегӯяд, ӯ.

Сабти номи саркардаҳо

Ахири соли гузашта шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки саркардаҳои ҷангҳои гуруҳии наврасону ҷавонон дар пойтахтро сабтином ва муҷозот карда, таҳти назорати шадид мақомоти интизомӣ қарор диҳанд.

Асомиддин Бобозода масъули раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, баъди дастур 222 нафарро дар феҳраст ворид карданд ва пас аз ислоҳ шудан ҳоло дар руйхат исми 176 саркардаи боқӣ мондааст.

Ин ҷавононро барои авбошӣ аз якуним то 5 солӣ ба зиндон маҳкум карданд.
Ин ҷавононро барои авбошӣ аз якуним то 5 солӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Бар асоси ҳисобҳои расмӣ, дар як соли ахир дар шаҳри Душанбе 14 (ҳар моҳе камаш як маротиба) муноқишаи гурӯҳии ҷавонон сабт шудааст, ки дар он корд истифода бурдаанд.

Танҳо дар чаҳор ҳолате, ки Радиои Озодӣ онро пайгирӣ кард, ҳамагӣ фарзандони хонаводаҳое буданд, ки падаронашон дар муҳоҷират ва модарон дар танҳои онҳоро тарбия мекарданд.

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилӣ, ду моҳи қабл дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, дар се моҳи аввали имсол "ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гуруҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст.

XS
SM
MD
LG