Як мақоми баландпояи интизомии Тоҷикистон мегӯяд, муноқишаҳо ва бахусус муштзании гурӯҳӣ дар байни ноболиғон якбора афзуда ва мақомотро ба ташвиш андохтааст.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилӣ, охири ҳафтаи гузашта дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, дар се моҳи гузаштаи имсол “ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст. Ин ҳама андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.”
Абдураҳмон Аламшоҳзод дар ин бора охири ҳафтаи гузашта ҳангоми муаррифии таҳри ислоҳшудаи Қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон сӯҳбат кард.
Бар асоси ислоҳоте, ки ба қонун ворид карданд, аз ин баъд дар Тоҷикистон, рафтани ноболиғону ҷавонони то 18-сола ба дисклоклуб ва интернеткафеҳо мамнӯъ аст.
Масъалаи муштзании гурӯҳии ҷавонон дар Тоҷикистон баъд аз он дар нишасти Маҷлиси намояндагон матраҳ шуд, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии порлумон аз Абдураҳмон Аламшоҳзода пурсид, ки
“Бисёре аз ҷавонони 17-18-сола, ки мактаби миёнаро хатм мекунанд, бегоҳиҳо, баъд аз соати 18 ба интернеткафеҳо рафта, ба имтиҳонҳо омодагӣ мебинанд. Манъи рафтани онҳо ба интернеткафеҳо магар ҳуқуқи онҳоро нақз намекунад? Тағйироти пешниҳодшуда оё мушкилот ба вуҷуд намеорад?”
Муовини вазири умури дохилӣ дар посух ба ин суол, интернеткафеҳоро як омили зиёд шудани муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни ноболиғон номид ва гуфт: “Сарчашмаи асосии зӯровариҳои дар байни ҷавонон ба мушоҳидарасанда натиҷаи тарғиби филмҳои дорои амалҳои зӯроварист, ки дар интернет — кафеҳо намоиш дода мешаванд. Як мисоли дигарро низ мехоҳам таъкид намоям: Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амалҳои ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст. Ин ҳама андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.”
Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар 5 соли ахир бештар аз 60 ҳазор падару модарро (ҳар сол 12 ҳазор) барои рафтори фарзандонашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд ва 65 дар сади ин волидайн барои он ҷарима супурдаанд ва танбеҳ гирифтаанд, ки фарзандони онҳоро шабона дар Интернеткафеҳо боздошт кардаанд.
Тағйири ислоҳи Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, тақрибан як моҳ баъд аз он сурат гирифт, ки гурӯҳе аз ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе бо ҳам муноқиша карданд ва ба амволи мардум зиён расонданд.
Рӯзи 28-уми март 16 нафар дар маҳаллаи маъруф ба номи “Гипрозем” дар шаҳри Душанбе ва наздик ба як қароргоҳи сарбозони Русия бо ҳам ҷангу занозанӣ карда, мояи нигаронии сокинони шаҳрак шудаанд. Азбаски гурӯҳе аз ин ҷавонон ба рӯи худ ниқоб кашида ва бо калтак мусаллаҳ будаанд, сабаби тарсу ҳарос ва изтироби сокинони маҳалла шудаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон баъди ин ҳодиса гуфт, ду нафар баъди даъвову занозанӣ бо ҳамдигар дигар рафиқонашонро барои ниқор гирифтан аз ҳамдигар даъват мекунанд ва “муддати тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.”
Мақомот гуфтанд, ки баъди ин ҳодиса 15 нафарро дастгир карданд ва таҳқиқи парвандаҳои онҳо идома дорад.
Яке аз Мағриб гирифтӣ, яке аз Шағрыб. 83 мавзуъра "палпечон кардӣ якбора. Кӣ аз хатти форсӣ маҳрум карда бошад? Ютубу Инстаграма "ба ҳавас" камтар тамошо кун, майнаат тоза меистад.
Савол ба "держава"-и низомии Путин Ба фикрам кам кам дарси иловагӣ мегири чи аз фолбинҳо?
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам