Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли се рӯз идома кард, 6-уми август ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи имсола, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, инчунин Федератсияи камонварии кишвар рӯзҳои 4-6-уми август дар Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии №1"-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бештар аз 60 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Суғд-1, Суғд-2 ва ШНТМ (шаҳру навоҳии тобеи марказ) ширкат дошт.

Ғолибони мусобиқа бо медалу диплом ва ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова мукофотонида шуданд. Ҷоизаҳоро ба варзишгарон худи камонвари машҳури тоҷик супурд.

Ба гуфтаи масъулини соҳа, ин мусобиқа барои аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як навъ санҷише буд пеш аз Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро дар риштаи камонварӣ Фирӯза Зубайдова, Зӯҳро Тағоева ва Умедҷон Худоёров намояндагӣ хоҳанд кард. Мусобиқа оид ба камонварӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 21-28-уми август дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад.

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Зебуннисо Рустамова, шаҳри Хуҷанд, 4-6-уми августи соли 2018

Масофаи 18+18 метр миёни духтарон


1. Фарангисбону Ҷӯраева
2. Азиза Кантаева
3. Дилноза Дадобоева

Масофаи 18+18 метр байни писарон

1. Мустафо Мирзохуҷаев
2. Илҳом Эҳсонзод
3. Насриддин Ëров

Масофаи 30 метр миёни духтарон

1. Шукрона Қурбонова
2. Шукронаи Фаррухдухт
3. Сарвиноз Суҳробзода

Масофаи 30 метр байни писарон

1. Некрӯз Раҳимзода
2. Иброҳимхуҷа Азаматов
3. Владислав Шакирзяков

Масофаи 50+30 метр миёни духтарон

1. Муслима Абдуллоева
2. Меҳринисо Ҳошимова
3. Рухшонаи Ҳамзаалӣ

Масофаи 50+30 метр байни писарон

1. Абдусаттор Ёқубов
2. Шуҳратҷон Юсупов
3. Абдуғанӣ Дадоҷонов

Масофаи 60+60 метр, даври олимпӣ

1. Алихони Суҳроб
2. Муҳаммадазим Раупов
3. Мансурхуҷа Мамадхуҷаев

Масофаи 70+70 метр, даври олимпӣ миёни занон

1. Мавзуна Азимова
2. Таисия Шакирзякова
3. Мавҷуда Кабирова

Масофаи 70+70 метр, даври олимпӣ байни мардон

1. Абдуғаффор Рустамов
2. Мухтор Шерғозиев
3. Исо Бобоев

Масофаи 70 метр, дастаии омехта

1. Мавзуна Азимова, Абдуғаффор Рустамов
2. Таисия Шакирзякова, Мухтор Шерғозиев
3. Маҷуда Кабирова, Исо Бобоев

Ҳолномаи Зебуннисо Рустамова

Зебуннисо Рустамова 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 18-и пойтахти ҷумҳуриро хатм карда, ҳамон сол ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шудааст. Донишкадаро соли 1976 ба итмом расонида, инчунин соли 1980 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст.

Аз соли 1969 ба камонварӣ шуғл меварзад. Солҳои 1974-1987 узви дастаи мунтахаби камонварии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон (1975, шаҳри Интерлакени Швейтсария – қаҳрамони мутлақ дар рақобатҳои инфиродӣ ва соҳиби медали тилло дар ҳисоби дастаӣ, 1985, шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, 1987, шаҳри Сиднейи Австралия), барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада, қаҳрамони секаратаи Аврупо (1976, шаҳри Копенгагени Дания, 1985, шаҳри Измири Туркия, 1986, шаҳри Пориси Фаронса), қаҳрамони 15-каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби бисёркаратаи Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии «Динамо», қаҳрамони 20-каратаи Тоҷикистон, рекодсмени ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Ҳамчунин дар Бозиҳои «Дружба – 84» дар Чехословакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври алтернативӣ доир гашта буданд, сазовори медали нуқра шуд.

Аз соли 1986 то соли 1992 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 1995 раиси ин кумита буд. Ҳамчунин аз соли 1992 то соли 2000-ум вазифаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Бо унвонҳои фахрии «Устоди шоистаи варзиши СССР», «Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ғайра сарфароз шудааст. Феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад. Соҳиби ду фарзанд ва набераҳост.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG