Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди ҳамла ба ҷаҳонгардон дили Таҳмина аз писараш дар ташвиш аст


Ҳодисаи ҳамлаи маргбор ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ, ки шояд яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои моҳҳои охир дар Тоҷикистон аст, ба мавзӯи мавриди нигаронии модарони зиёд табдил шудааст.

Замоне шудааст, ки агар шумо ба ин муҳит ворид нашавед ва аз он чизҳое, ки фарзандони шуморо иҳота кардаанд, огоҳ набошед, аз тамоми чиз маҳрум мешавед, ҳатто аз фарзандони худ

Дар сӯҳбатҳои хусусӣ, ба ҳангоми ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар дигар гуфтугузорҳо бисёр модарон, бахусус онҳое, ки фарзандони хеле ҷавон доранд, эҳсоси ташвиши худро пинҳон намекунанд. Дар сӯҳбат аксари ин модарон тақрибан як андешаро баён мекунанд, ки то куҷо метавонанд ба ҳарфу амали ҷигарбандашон эътимод дошта бошанд.

Таҳмина Одилова як сокини 45-солаи Варзоб ва модари чор фарзанд, аз ҷумла як писари 18-сола аст. Ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошад ва худро як шахси замонавӣ меҳисобад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва хабари ҳамла ба ҷаҳонгардонро ҳам аввал шуда аз расонаҳои интернетӣ дарёфт кард. Вай мегӯяд, вақте фаҳмид, ки ин ҳодисаро чанд ҷавони 18-20-сола анҷом додаанду модари ду нафари онҳо мисли ӯ муаллимаи мактаб аст, ба даҳшат афтод.

Саволҳои ташвивовар

Таҳмина Одилова мегӯяд, гаштаву баргашта акси ҷавонписарҳои ба гурӯҳи террористӣ савдгандёдкарда пеши назараш меояд, ҳоли модарони онҳо, ҷасадҳои ба хун оғуштаи туристони хориҷӣ, ки бо умеди фатҳи кишвари зебонманзаре ба Тоҷикистон омада буданд...

Саволи дигаре ҳам, ки дар зеҳни ӯ мечархад, ин аст, ки то куҷо модарони ин ҷавонон метавонистанд пеши роҳи фоҷеаро бигиранд?

Ин ҷавонон дар ҳамла ба туристони хориҷӣ гумонбар мешаванд
Ин ҷавонон дар ҳамла ба туристони хориҷӣ гумонбар мешаванд

Ӯ мегӯяд: “Вақте фарзанд бузург мешавад, фикру андешаҳояш аз доираи хонавода фаротар меравад ва дар ин марҳила тарбия ва шунидани дарди дили бачаҳои болиғ барои волидон, аз ҷумла модарони танҳо, мушкил мешавад. Дар ин ҳолат бояд бо бачаҳо муносибати самимиву дӯстона барқарор кард, то онҳо барои худ аз кӯча розшунав пайдо накунанд”.

Таҳмина Одилова мегӯяд, ҳодисаи 29 июл волидон, аз ҷумла модаронро, ки мисли ӯ танҳо фарзанд бузург мекунанд, ҳушёр мекунад. Ин модар бо таваҷҷуҳ ба сарнавишти чаҳор ҷавоне, ки дар пайи ҳамла ба ҷаҳонардони хориҷӣ кушта шудаанд, гуфт “шояд ҳоло ин суол модарони онҳоро азият медиҳад, ки дар тарбияи фарзандашон ба чӣ иштибоҳе роҳ доданд, ки натавонистанд, аз “ҷиҳодӣ” шудани фарзанди худ ҷилавгирӣ кунанд”.

"Аз тарси таҳдидҳо писарамро ба муҳоҷират нагузоштам равад"

Худи ин зан маҳз аз андешаҳои амниятӣ нагузошт, ки писараш баъди талоши номуваффақи дохил шудан ба донишгоҳ, ба Русия барои кор равад. Ӯ гуфт, писараш орзу дорад, ки пилоти ҳавопаймо ё халабон шавад, вале соли ҷорӣ бахташ нахандид. Тасмимаш ин шуд, ки писараш дар артиш хидмат кунад ва баъди ин дар фикри таҳсилоти олӣ шавад.

Ин модар мегӯяд, ки насли фарзандони ӯ “дар замони ҳассос ва шароити хос бузург шудаанд, аз сиёсату тарбия ва насиҳатҳои падар, ки дар хонаводаҳои суннатии Тоҷикистон нақши умда дорад, дур мондаанд ва тарбияи онҳо ба дӯши модарон, ки аксаран маълумот надоранд, бор шудааст”. Таҳмина Одилова мегӯяд, дар ин ҳолат бархе модарон дигар наметавонанд рафтори фарзандони болиғи худро идора кунанд ва ҳаволаи онҳоро ба дасти худашон месупоранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бисёр аъзои ДИИШ аз Тоҷикистон баъди муҳоҷират ба Русия ба ин гурӯҳ пайвастаанд
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бисёр аъзои ДИИШ аз Тоҷикистон баъди муҳоҷират ба Русия ба ин гурӯҳ пайвастаанд

Дар ҳоле ки фарзанд наметавонад дилашро барои волидон холӣ кунад ҳатман барояшон рафиқе ҷустуҷу мекунанд, то ӯро бишнавад. Таҳмина гуфт: “Шояд ин яке аз иштибоҳи аслии мо, модарон аст. Чун вақте бача наметавонад дарди дилашро дар хона холӣ кунад, ҳатман ҳамсуҳбати дигар меҷуяд. Дар ин сурат ӯ метавонад дигар тамоми умр мушкили худро аз волидон пинҳон ва бо бегонаҳо матраҳ кунад. Чун ҷавонон ҳамеша дар ҷустуҷӯянд. Агар дар оила ба саволи худ посух нагирад, берун меравад, ҳатто берун аз кӯчаву шаҳру давлат ва посухҳои нодуруст онҳоро ба ҷинояткорӣ мебарад”.

Ин ҳамсуҳбати мо ки пайваста хабарҳоро аз расонаҳои дохилу хориҷ пайгирӣ мекунад, мегуяд вазифаи модарон танҳо анҷоми кори хона нест ва бо муроҷиат ба модарони дигар мегӯяд: “Ин замон замони пешравии илму технология аст. Вале бархе гурӯҳҳои ҷиноӣ ин пешравиро ба манфиатҳои ҷинояткорона истифода мекунанд. Замоне шудааст, ки агар шумо ба ин муҳит ворид нашавед ва аз он чизҳое, ки фарзандони шуморо иҳота кардаанд, огоҳ набошед, аз тамоми чиз маҳрум мешавед, ҳатто аз фарзандони худ”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG