Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газета.уз: Рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дақиқ шуд


Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки санаи сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд маълум шудааст. Вебсайти Газета.уз бо такя ба нашрияи давлатии “Халқ сӯзӣ” (Сухани халқ) рӯзи 11-уми август гуфт, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми августи имсол сурат мегирад.

То ба ҳол мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар ин бора расман хабар надодаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ ҳанӯз санаи дақиқи сафари президентро эълон накарданд.

Ин аввалин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳабдаҳ соли охир хоҳад буд. Моҳи марти имсол Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.

XS
SM
MD
LG