Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи сеюми боздоштҳо дар Беларус ду журналисти дигар дастгир шуд


Вебсайти Tut.by дар Минск ҳам мавриди таваҷҷӯҳи Кумитаи тафтишот қарор гирифт
Вебсайти Tut.by дар Минск ҳам мавриди таваҷҷӯҳи Кумитаи тафтишот қарор гирифт

Дар ҷумҳурии Беларус бо иттиҳоми дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилои хабаргузории расмии “Белта” ду журналисти дигар боздошт шуд. Кумитаи тафтишоти Беларус рӯзи 9 август гуфт, ки сардабири оҷонсии ғайридавлатии BelaPAN Ирина Лейшина барои дастрасии ғайримуҷоз ба маълумоти компютерӣ боздошт шуд.

Рӯзи 8 август ба иттилои тафтишот, хабарнигори маҳаллии “Мавҷи Олмон” Павлюк Биковски ва дигарон боздошт шуданд. Ҳамсари Биковский баа Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишон инчунин компютеру кортҳои бонкии шавҳарашро мусодира карданд. Боздошту иттиҳомоти ахири журналистонро дар се рӯзи охир ҳамчун мавҷи саркӯби матбуоти мустақил аз ҷониби ҳукумати президент Александр Лукашенка танқид карданд. Барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт нависандаи маъруф Светлана Алексеевич ин маъракаро маҳкум кард ва гуфт:

“Фикри аввале, ки ба сари кас меояд, ин талоши тарс додани ҳамаи мо аст. Ин як санҷиш аст, санҷиши ин ки то куҷо мо ҳамчун як ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтаем, ки метавонад ба ин ҳама фишорҳо муқовимат нишон диҳад ё не”.

Кумитаи тафтишоти Беларус рӯзи 7 август гуфт, ки аз рӯи иттиҳоми дастрасии ғайриқонунӣ ба ахбори расмии хабаргузории давлатии “Белта” парванда боз карда аз он рӯз то кунун даҳҳо журналистро бо гумони нақзи қонун боздошт кардаанд. Созмонҳои ҳомии озодии баён ин парвандаро як маъракаи фишору саркӯби матбуоти мустақил меноманд.

XS
SM
MD
LG