Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин таҳримҳои ИМА алайҳи Эронро эътироф намекунад


Сарфи назар аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА зидди Эрон, Чин мегӯяд, ки равобити иқтисодиашро бо Теҳрон ҳифз мекунад.

Бино бар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Чин, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, муносибатҳои иқтисодии Чин бо Эрон шаффоф буда, аз доираи таҳримҳои СММ хориҷ нестанд. Биноан, Пекин ният надорад, таҳримҳои эълонкардаи Вашингтонро риоя кунад.

Доналд Трамп, президенти ИМА ахиран гуфт, кишварҳое, ки аз ин ба баъд бо Эрон ҳамкориҳояшонро идома медиҳанд, эҳтимол дорад, аз дастрасӣ ба бозори Амрико маҳрум шаванд. Трамп гуфт, тавассути барқарории таҳримҳои зидди Эрон вай талош мекунад, ки Теҳрон аз мушаксозӣ ва сармоягузории терроризм дар Шарқи Наздик даст кашад.

XS
SM
MD
LG