Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои заминларзаи Индонезия ба 131 нафар расид


Харобиҳои заминларзаи ахир дар Индонизия

Шумори қурбониҳои заминларзаи ахир дар Индонезия рӯзи чаҳоршанбе ба 131 нафар расид. Дар ин бора Хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба мақомоти маҳаллӣ гузориш дод.

Заминларза дар ҷазираи Ломбок, бо нерӯи 6,9 дараҷа, хонаҳоро хароб ва таъмини мардум бо нерӯи барқро мушкил кард. Бисёр қурбониҳо бар асари фурӯрезии пораҳои бино қурбон шуданд. Ларзиши шадиди замин дар ҳамсоя ҷазираи Бали низ эҳсос шуд.

Ҷазираи Ломбок Дар байни сайёҳони хориҷӣ маъруф аст. Ба маълумоти Ростуризм, ҳудуди 5 ҳазор шаҳрванди Русия феълан дар макони офати табии қарор доранд. Мақомот ба берун овардани одамон аз ин макон оғоз карда, аммо аз эҳтимол дур намедонанд, ки теъдоди кушташудаҳо бештар шавад.

Бинобар хароб шудани роҳу пулҳо гурӯҳҳои наҷот то ҳол ба баъзе ноҳияҳои зарардида дастрасӣ пайдо накарданд.

XS
SM
MD
LG