Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Рустам Иноятов аз рӯйхати сенаторҳо ҳазф шуд


Раиси пешини Хадамоти амнияти Узбекистон Рустам Иноятов
Раиси пешини Хадамоти амнияти Узбекистон Рустам Иноятов

Номи раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Рустам Иноятов аз рӯйхати сенаторҳои ин кишвар ҳазф шуд. Иноятов баъд аз барканориаш аз мақоми раисии Хадамоти амният билофосила мушовири давлатии президент ва сенатор таъйин шуда буд.

Ин дар ҳолест, дар рӯйхати сенаторҳо ному насаби раиси пешини вилояти Самарқанд Туроб Ҷӯраев ҳанӯз ҷой дорад. Ӯ ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ боздошт шуд. Комил Зиёев, сухангӯи сенат ё палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон гуфт, мавҷудияти насаби Ҷӯраев дар рӯйхати сенаторҳо "як нофаҳмист". Баъд аз суҳбати Комил Зиёев бо хабарнигорон, насаби Ҷӯраев низ аз рӯйхат ҳазф шуд.

Рустам Иноятов, раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон баъд аз роҳбарии тақрибан 23-сола 31 январи соли ҷорӣ барканор шуд. Ҳамон рӯз Иноятов бо фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон мушовир ва узви сенат таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG