Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири портали TUT.BY дар Беларусия боздошт шуд


Биное, ки дафтари TUT.by дар он ҷойгир аст
Биное, ки дафтари TUT.by дар он ҷойгир аст

Мақомоти Баларусия сардабири интернет-портали ғайридавлатӣ -TUT.BY Мартин Золотов, муҳаррир Анна Калтигина ва журналисти оҷонсии БелаПАН Татяна Коровенковаро боздошт карданд. Онҳо ба дастрасии ғайриқонунӣ ба сомонаи оҷонсии давлатии БелТА муттаҳам мешаванд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Беларусия рӯзи 7 август хабар дод.

Робита бо боздоштшудаҳо қатъ шудааст ва дар манзили онҳо кофтукоб ҷараён дорад.

Парванда дар ҳоле боз шуд, ки оҷонсии давлатии БелТА аз ихлол дар пахши хабарҳо барои муштариҳои обунашуда хабар дод. Биноба маълумоти Кумитаи тафтишоти Беларусия, "аз соли 2015 то соли 2017 ба хазинаи хабарҳо, ки дар системаи комютерии муассиса ҳифз мешаванд,15 ҳазор мавриди пайвастшавии ғайриқонунӣ сурат гирифтааст".

Гуфта мешавад, ки дафтари портали TUT.BY ва оҷонсии БелПАН низ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Сомонаи нашрияи ғайридавлатии TUT.BY соли 2000 кушода шуд ва дар як моҳ то 100 миллион бинанда дорад.

XS
SM
MD
LG