Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони маҳбаси Қазоқистон бо айби шиканҷа зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Шахтински Қазоқистон

Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон як гурӯҳи нозирони маҳбасро бо айби шиканҷа ба муддатҳои мухталиф равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 6 август эълон шуд.

Бо ҳукми додгоҳ, ёвари сардори маҳбаси мазкур Баурбек Шотаев ва Виталий Заретский, як масъули дигари маҳбас бо моддаи барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марги одам шудааст, 7-солӣ зиндонӣ шуданд.

Бино бар иттилои тафтишот, Виталий Заретский 11 марти соли 2017 дастур додаст, ки Валерий Чупинро ба отряди дигар интиқол ва "ҷазо" диҳанд. Валерий Чупин гӯиё нисбати омӯзгори зиндон бадрафторӣ кардааст. Он рӯз чанде аз зиндониён Чупинро латту кӯб ва ба баданаш барқ монданд. Чупини маҷруҳро ба бемористон бурданд ва ӯ як рӯз баъд вафот кард.

Сардори отряд Тимур Қирбоев 10 сол ва панҷ маҳбуси дигар 8-солӣ ҳукми иловагӣ гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Зебо Аминзода: Орзу дорам, як мактаби касбии рақс дошта бошам
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG