Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Tcell гуфт, ки чаро Фейсбук дар Тоҷикистон дастрас нест


Баъди гузоришҳо дар бораи қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук дар Тоҷикистон, ширкати Тиселл гуфт, ки дастрасӣ ба бархе аз паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сабаби корҳои фаннӣ дар провайдерҳои интернетӣ муваққатан қатъ шудааст.

Бо чунин мазмун рӯзи 5-уми август муштариёни ширкат паёмак гирифтанд. Дар паём аз ин бештар чизе гуфта нашудааст ва фақат аз муштариён барои “сабурӣ” изҳори сипос карданд.

Аз ин пеш баъзе аз корбарони Интернет менавиштанд, ки аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва месеннҷерҳо маҳрум шудаанд ва касе ҳам намегӯяд, сабаб чист. Аммо дар гузашта мақомоти Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла “Фейсбук”-ро баъди нашри интиқодоти зиёд ва ё ҷилавгирӣ аз паҳн шудани хабари муҳиме бастаанд.

XS
SM
MD
LG