Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобутҳои хабарнигорони рус ба Маскав расид


Ҳарсе барои филмабардорӣ ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ рафта будаанд.
Ҳарсе барои филмабардорӣ ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ рафта будаанд.

Тобутҳои се хабарнигори русро, ки дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ кушта шуданд, ба Маскав овардаанд. Ҷасадҳоро ҳавопаймои Эйр Франс аз Африқо ба Париж ва сипас ба Маскав овард.

Вебсайти Флайтэвейр навишт, ки ҳавопаймо рӯзи 5-уми август дар фурудгоҳи Шереметево дар шаҳри Маскав фуруд омадааст. Максим Шевченко, рафиқони яке аз қурбониён ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфтааст, ки ҷасадҳои хабарнигоронро барои ташхиси додгоҳӣ бурдаанд ва баъдан ба хонаводаҳояшон месупоранд. Барои ташхиси додгоҳӣ ду рӯз зарур будааст.

Маъмурияти сулҳи Созмони Милал дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба ин кишвар барои таҳқиқи куштори хабарнигорон кӯмак мекунад. Онҳоро рӯзи 30-уми июл зимни филмбардорӣ дар бораи як гурӯҳи ниманизомии Русия куштаанд, ки аъзои он дар ҷангҳои Африқои Марказӣ ҳам ширкат доштаанд.

XS
SM
MD
LG