Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Гардез ба 35 нафар расид


Маҳалли ҳодиса баъди ҳамлаҳо
Маҳалли ҳодиса баъди ҳамлаҳо

Теъдоди қурбониёни бомбгузориҳои маргталабона дар як масҷиди шиаён дар Афғонистон ба 35 нафар расид. Шамим Хон Катавозӣ, раиси вилояти Пактико гуфт, дар ин ҳамлаҳо 94 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи 3-уми август мақомот мегуфтанд, ки дар ду бомбгузорӣ дар масҷиди Хоҷа Ҳасан 29 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот ҳангоми намози ҷумъа ду марди мусаллаҳи бурқа ба сар, ду посбони масҷидро ғофилгир карда куштаанд ва сипас вориди масҷид шуда ба сӯи намозгузорон тир андохта ва худро ҳам тарконидаанд.

Ба гуфтаи мақомот, мумкин аст, теъдоди қурбониён боз ҳам бештар шавад, чун вазъи 20 нафар фавқуллода вазнин аст. Ҳеҷ касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар гузашта шиамазҳабонро "кофир" номида ҳадаф гирифтааст.

XS
SM
MD
LG