Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Мнангагва дар интихоботи Зимбабве


Эммерсон Мнангагва
Эммерсон Мнангагва

Дар интихоботи президентии Зимбабве сарвари феълии давлат Эммерсон Мнангагва пирӯз шуд. Ба гуфтаи Комиссюни интихоботии ин кишвар Мнангагва дар сабқат беш аз 50 дар сади овозҳоро дарёфт кард. Номзади мухолифин Нелсон Чамиза 47 дар сад райъ гирифт.

Мнангагва рӯзи 3 август мардуми Зимбабверо ба иттиҳод даъват кард. Чамиза, дар навбати худ, тақаллуб дар интихобот ва бозбинии натиҷаи овоздиҳиро матраҳ кард.

Пеш аз ин дар Зимбабве интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, ки дар он ҳизби ҳокими таҳти раҳбарии Мнагагва пирӯз шуд. Дар пойтахти ин кишвар бо низомиён задухурд сурат гирифт ва дастикам шаш нафар ба ҳалокат расид. Таҳаввулоти ахир дар Зимбабве ҷомеаи байналмилалиро нигарон кардааст.

Ин аввалин интихоботи Зимбабве бе иштироки Роберт Мугабе буд. Мугабе ҳудудан 40 сол раҳбари ин кишвар буд ва соли гузашта ӯро маҷбуран аз қудрат дур карданд.

XS
SM
MD
LG