Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Мюллер мехоҳад ситораи попи Озарбойҷон бозпурсӣ шавад


Ситораи попи Озарбойҷон Эмин Агалов

Дар заминаи қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 дар Амрико, додситони вежа Роберт Меюллер мехоҳад, ки ситораи попи Озарбойҷон Эмин Агалов бозпурсӣ шавад. Агалов соли 2016 дар мулоқоти писари Доналд Трамп бо ҳуқуқдони Русия Наталя Веселнитская иштирок дошт. Дар ин бора шабакаи телевизионии NBC News рӯзи 2 август хабар дод.

Худи овозхон намехоҳад ба Амрико равад. Дар ин бора вакили ӯ Скотт Балбер ба шабакаи телевизионии CNN хабар дод. Балбер ҳамзамон гуфт, ки зерҳимояаш чизе барои пинҳон кардан надорад. Биноба маълумоти CNN, писари Трамп ба хотири дарёфти маводи бадномкунанда алайҳи номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон бо Веселнитская мулоқот кард. Агалов эътироф мекунад, ки дар ташкили ин мулоқот кумак кард, аммо матраҳ шудани маълумоти бадномкунанда дар он гуфтугӯро рад мекунад.

Аз сӯи дигар, нашрияи The New York Times қаблан хабар дод, ки маводи бадномакунандаи Клинтонро маҳз Агалов таҳвил дод. Ӯ гӯё ин аснодро ба воситаи падари сарватмандаш Арас Агалов аз як прокурори рус дарёфт кард.

Видеоҳои охирин

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:04 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG