Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири узбек барои дастдарозӣ ба духтаре боздошт шуд


Лифт
Лифт

Пулиси шаҳри Москва як шаҳрванди 35-солаи Узбекистонро бо гумони озору азияти ҷинсии як духтари 29-сола дар лифт боздошт кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Москва" бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Ин ҳодиса шаби 29 июл дар яке аз баландошёнаҳои кӯчаи Новокосинская рух додааст. Ба гуфтаи духтар, марди ношиносе дар дохили лифт ба рону китф ва шикамаш даст расондааст. Дар натиҷа духтар маҷбур шудааст, ӯро тела дода, дар ошёнаи 16-ум аз лифт барояд.

Баъд аз занги духтар, кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, муҳоҷири узбекро боздошт карданд. Масъалаи боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар нисбати ӯ дар ҳоли баррасист.

XS
SM
MD
LG