Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мексика як ҳавопаймо бо 101 мусофир суқут кард


Макони суқути ҳавопаймои Мексика 31 июли соли 2018
Макони суқути ҳавопаймои Мексика 31 июли соли 2018

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкатҳи Aeroméxico рӯзи 31 июл дар Мексика суқут кард. "Embraer 190" бо 97 мусофир ва чаҳор узви экипаж дар масири Дуранго-Мексика парвоз мекард.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷа 85 нафар захмӣ шуда, касе ба ҳалокат нарасидааст.

Ҳавопаймо соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, панҷ дақиқа баъди парвоз аз фурудгоҳи Дуранго суқут кард. Дертар мақомот хабар доданд, ки тамоми мусофирон зинда ҳастанд.

"Дар садамаи Embraer 190 касе ба ҳалокат нарасидааст", - навиштааст раҳбари аёлати Дуранго Хосе Айспиро дар Твиттер. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, мақомот ба осебдидаҳо кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG