Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми амниятии Узбекистон гирифтани $450 ҳазор ришва айбдор шуд


Логои додситонии Узбекистон
Логои додситонии Узбекистон

Додгоҳи ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ҳукми ҳабси сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Олег Бусигинро дар ғайбаш содир кард.

Дар Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 30 июл гуфтанд, зидди Бусигини 48-сола моҳи гузашта бо гумони тамаъҷӯӣ парванда боз шуда буд. Ӯҳоло таҳти пайгард қарор дорад.

Олег Бусигин аз соли 2012 то соли 2017 сардори Идораи тафтишотӣ буд. Ӯ гӯиё моҳи марти соли 2013 аз роҳи тамаъҷӯӣ аз саҳҳоми бонки тиҷории "Туркистон" Рустам Ҳусниддинов 450 ҳазор доллар гирифтааст.

Бусигин дар доираи як парвандаи ҷиноӣ соҳибкори хориҷӣ Говинда Харри Лама Ҳусниддиновро ба созиши ғайриқонунӣ айбдор ва пул талаб кардааст. Дар ниҳоят ин пулро гирифтааст.

Говинд Харри Лама то соли 2012 дар Узбекистон ба ҳайси сармоядоре маъруф буд, ки дар иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи яке аз вакилони дифои Тошканд, Олег Бусигин аз вазифаи сардори Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон моҳи декабри соли 2017 бо хоҳиши худ канор рафт. Ӯ бо хонаводааш Узбекистонро тарк карда, шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG