Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо алайҳи Русия интиқоли пул ба Тоҷикистонро мушкил кард


Интиқоли пул тариқи системаҳои Western Union ва Money Gram ба далели таҳримҳои Амрико алайҳи Русия гоҳҳо дучори мушкил мешавад.

Мушкили интиқоли пул аз Western Union ва Money Gram

Алма Обаева, роҳбари Анҷумани ширкатдорони бозори хадамоти пардохтии "Шӯрои миллии пардохт" рӯзи 30-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо, интиқоли пул тавассути системаҳои байналмилалӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус Осиёи Миёна душвортар шуд.

Бонки миллӣ се моҳ қабл - 18-уми апрели соли равон дар назди системаҳои интиқоли пул се шарт гузошта буд, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

Анҷумани ширкатдорони бозори хадамоти пардохтии "Шӯрои миллии пардохт" системаҳои интиқоли пулро дар Русия муттаҳид мекунад. Ба қавли Обаева, дафтарҳои ин системаҳои интиқоли пул дар Маскав қарор доранд ва хизматрасонӣ ба кишварҳои ИДМ низ аз ин ҷо мудирият шуда, маблағҳо тавассути бонкҳои Русия ба бонкҳои кишварҳои ИДМ интиқол меёфт.

Ӯ гуфт, "ҳар ширкати интиқоли пул мушкилоти худро дорад, ки аз ҳамдигар фарқ мекунад. Мушкили Western Union дар камбуди маблағ нест. Мушкили онҳо дар таҳрим алайҳи Русия аст, чун ширкати амрикоӣ мебошад. Бинобар таҳримҳо, ин ширкат ҳаққ надорад бо бархе аз бонкҳои Русия ҳамкорӣ кунад. Чун ҳамкорӣ бо бонкҳо маҳдуд аст, Western Union миёни қонунгузории Амрико ва Русия дар такопӯ аст".

Обаева афзуд, ба мисли Western Union ширкати Money Gram ҳам ба айни чунин мушкил дучор аст, чун ширкат амрикоӣ аст ва муомилот бо бонкҳои Русия бинобар муқаррароти таҳрим барояш хеле мушкил ба даст меояд.
"Ҳар як интиқоле, ки тариқи ин система сурат мегирад, аз муқарароти зидди пулшӯӣ мегузарад. Худи ҳамин проседура метавонад то ду рӯз тӯл кашад ва ин интиқоли пулро кашол медиҳад",- иброз дошт Обаева.

Ин гуфтаи Обаева дар ҳолест, ки рӯзи 29-уми июл дар паси дари чанде аз марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар шаҳри Душанбе навишта шуда буд, ки ба интиқолдиҳангони системаҳои Western Union, Money Gram ва "Бест", хизмат расонида намешавад.

Душвории нтиқоли пул ба бонкҳои Тоҷикистон

Эълоне бо чунин мазмун дар паси дари нуқтаи хизматрасони бонки "Эсхата" дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе ҳам ба мушоҳида расид.
Аммо дар идораи марказии бонки "Эсхата" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин интиқоли пул тавассути ин системаҳо мушкили ҷиддие надоранд ва қатъи пардохти пул дар нуқтаи хизматрасонӣ ба далели пеш омадани "нуқси техникӣ" муваққатан қатъ шудааст.

Идигул Ҳамроева, як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мегӯяд, марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар аксар ҳолат аз 100 доллар бештар пул дода наметавонанд ва ӯ маҷбур аст барои гирифтани пуле, ки наздиконаш аз хориҷа мефиристанд, ба маркази ноҳия ва ё гоҳҳо ба маркази вилоят равад.

"То чанд моҳе пеш, дар чанд дақиқа пулро аз бонкҳо мегирифтем, ягон мушкил набуд. Аз баҳор ба ин тараф бисёре аз марказҳо "пул надорем" мегӯянд, ё бо қурби ниҳоят паст пул пешниҳод мекунанд. Маҷбур мешавем маркази ноҳия ва ё вилоят равем, ки хароҷот дорад, вақт сарф мешавад",- иброз дошт ӯ.

"Фиристодани пул дар алоҳидагӣ ҳал мешавад"

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ мегӯяд, фиристодани пул таввасути системаҳои интиқоли пул миёни бонкҳои тиҷоратӣ ва худи системаҳо дар алоҳидагӣ ҳал мешавад ва Бонки миллӣ ба он дахл намекунад. Аммо Бонки миллӣ се моҳ қабл - 18-уми апрели соли равон дар назди системаҳои интиқоли пул се шарт гузошта буд, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

Шарти аввал ин аст, ки дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд, дувум аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд ва савум дар ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолёбандаро суғурта намоянд.

Дар шарҳи он Бонки Миллӣ гуфта буд, ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ду системаи интиқоли пул – "Мигом" ва "Лидер" пас аз касод шудан қарзашонро дар назди бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пардохт накардаанд. Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон метавонад зарба занад ва аз ин рӯ, бонк иҷрои чунин чораҳои бехатариро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG