Пайвандҳои дастрасӣ

Бонкҳо: "Ҳоло пул нест, баъд аз ид". ВИДЕО


Пуле, ки муҳоҷирони тоҷик барои таҷлил аз иди Фитр ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон фиристодаанд, бо мушкилу навбатпоиҳои зиёд ба дасти онҳо мерасад.

Навбатпоӣ дар бонкҳо

Хонаводаҳои муҳоҷирон дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки пули ирсолкардаи наздиконашонро аз бонкҳо ба осонӣ гирифта наметавонанд. Дар намояндагиҳои бархе аз бонкҳои кишвар дар ноҳияҳо ба мардум гуфтаанд, пулҳои ба номашон интиқолёфтаро метавонанд пас аз иди Фитр бигиранд.

Мушкилу навбатпоӣ барои гирифтани пули ирсолкардаи муҳоҷирон ҳоло қариб дар ҳама нуқтаҳои бонкӣ, мушоҳида мешавад.

Ин мушкил дар ҳоле рӯ зад, ки мардум ба ид омодагӣ мегиранд ва аксар хонаводаҳо дар ин рӯзҳо чун маъмул барои таҷлил аз иду ороиши дастурхон ба пули муҳоҷирон сахт ниёз доранд. Ноҳид - як муҳоҷири тоҷик рӯзи 14 -уми июн дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав аз он нигаронӣ кард, ки хонаводааш дар ноҳияи Дӯстӣ чанд рӯз боз наметавонанд маблағи ирсолкардаи ӯро аз бонк бигиранд.

"Пули нақд надорем"

Дар ин ноҳия наздикони Ноҳид аз нуқтаи Ташкилоти қарзии "Ҳумо" пули интиқолшуда аз Русияро дастрас мекарданд. Аммо ин бор ба онҳо дар ин нуқта гуфтаанд, ки пули нақд надоранд". "Барои ҳамин бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳоямон ба Русия омада меҳнат дорем, ки тавонанд сари вақт камбуди худро ҳал кунанд. Дар пеш ид аст, аммо онҳо наметавонанд пулро бигиранд",-гуфт ин сокини ноҳияи Дӯстӣ.

Ғаффор, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо 2 рӯз боз барои гирифтани пули ирсолкардаи бародараш аз Русия дар назди намояндагии бонки "Эсхата" навбат мепоянд. "Дирӯз шиносномаамонро гирифтанд, гуфтанд, фардо биёед, пул медиҳем. Вақте сабаб мепурсем, мегӯянд, пул наомадааст ҳоло",-афзуд ин сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои атрофи Душанбе, аз ҷумла Ваҳдат маҷбур шудаанд, барои гирифтани пули ирсолкардаи наздиконаш ба пойтахт биёянд. Дар пойтахт вазъ беҳтар аст, аммо дар бисёре аз нуқтаҳои бонкии шаҳр ҳам субҳи барвақт барои гирифтани пули интиқол ёфта навбатпойи дида мешавад.

Бонкҳо ба наздикони муҳоҷирон: "Пул нест, баъд аз ид"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:25 0:00

Идигул, ки дар назди яке аз нуқтаҳои интиқоли маблағ дар шаҳр барои гирифтани пули аз Русия ирсолкардаи шавҳараш навбат мепоид, гуфт дирӯз пас аз ду соати интизорӣ, ноумед ва бо дасти холӣ ба хона баргашт. Идигул меафзояд, тамоми умеди хонаводаи ӯ ба пули шавҳари муҳоҷираш аст, ки акнун гирифтани он ҳам мушкил шуд.

Ӯ аз он нигарон аст, ки то ид ҳамагӣ як рӯзи дигар монд ва ҳанӯз барои дастурхони идонааш чизе харид накардааст. "Дирӯз омадам, ду соат интизор шудам, нашуд, рафтам. Ба ид ҳам як рӯзи дигар монд, маълум, ки нархҳо ҳам қимат мешаванд. Барои кӯдакон ҳам ягон либос нахаридам."

Мушкил дар ҳама нуқтаҳои бонкӣ

Мушоҳидаи мо дар ду нуқтаи интиқоли маблағҳо дар нимарӯзи 13-уми июн дар шаҳри Ваҳдат ҳам нишон дод, ки дар ин нуқтаҳо ба муштариён пул дода намешуд. Мизоҷон ҳам умедро канда, дигар пароканда шудаанд. Дар шарҳи сабаби ин вазъ кормандони ин нуқтаҳо гуфтанд, ба далели зиёд будани талабот, то нисфирӯзи маблағи хазинаашон тамом шуд ва дастраскунии маблағ ба ин ноҳия вақтро талаб мекунад.

Мушкилу навбатпойи барои гирифтани пули ирсолкардаи наздикони муҳоҷирон дар Тоҷикистон ҳоло қариб дар ҳама нуқтаҳои бонкӣ, аз ҷумла "Амонатбонк", "Эсхата", ташкилоти қарзии "Ҳумо" ва бонкҳои дигар мушоҳида мешавад.

Дар посухи расмии бонки "Эсхата" ба Радиои Озодӣ дар робита ба пеш омадани ин мушкил гуфта шудааст, ки "ин ҳолат мавсимӣ буда, ҳамзамон бинобар дар рӯзҳои ид зиёд шудани ҳаҷми интиқоли пулӣ аз давлатҳои хориҷа, ба миён омадааст."

Ҳамчунин дар ҷавоби катбии ин бонк таъкид мешавад, ки ҳаҷми зиёди бозори интиқоли пулии Тоҷикистон ба "Эсхата" тааллуқ дорад ва бинобар ин, дар таъмини муштариён бо пули нақд, мушкил пеш меояд.

Паёмади талаботи нави Бонки Миллӣ?

Аммо бо мушкил пардохт шудани пули фиристодаи муҳоҷирон ба наздиконашон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран хабарҳо дар бораи қатъи ҳамкории аксари бонкҳои хусусии Тоҷикистон бо "Юнистрим"- як низоми интиқоли пул, расонаӣ шуд. Нахуст "Эсхата" ва "Агроинвестбонк" аз интиқоли пул тавассути ин система даст кашиданд ва пешгӯӣ мешуд, ояндаи наздик "дигар системаҳои интиқоли пул низ ба ҳамин мушкил дучор мешаванд".

Мушкил дар ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо "Юнистрим" ҳам дар пайи як талаботи нави Бонки миллӣ ба миён омадааст. Бонки Миллӣ дар назди системаҳои интиқоли пул аз 18-уми апрели соли равон се шарт гузоштааст, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд. Яке аз шартҳои аслӣ ҳам ин аст, ки ин системаҳо бояд дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд.

Сабаби пеш омадани мушкил чист?

Бонки Миллӣ мегӯяд, ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Аммо масъулони чанде аз ширкатҳои интиқоли пул иҷрои бархе аз ин талабҳои Бонки Миллиро ғайриимкон ва бархеи дигарро гарон арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин метавонад боиси гаронтар шудани комиссияи интиқоли пул ба Тоҷикистон шавад, ки бар зиёни мардум, ба вижа муҳоҷирон аст.

Ба бовари таҳлилгарон ҳам, сабаби аслии пеш омадани мушкил дар пардохти пули интиқолёфта ба наздикони муҳоҷирон, ҳоло ҳамин шартгузорӣ ва мушкил дар ҳамкории бонкҳо бо системаи интиқолӣ пул аст. Зоҳиран камбуди пул ҳам якҷо бо афзоиши якбораи муштариён қабл аз ид боиси чунин ҳолат шудааст.

Аммо мушкили шадид дар пардохти пулҳои интиқолшуда дар бонкҳои Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст. Маъмулан мизоҷон дар нуқтаҳои бонкӣ ва интиқоли пул, ки теъдодашон дар шаҳру ноҳияҳо зиёд аст, роҳат метавонистанд пули фиристодаи наздикони худро аз Русия бигиранд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Муҳоҷирони корӣ соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2016 сивуяк дарсад бештар будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG